Ғоирхон
Ғоирхон, лақаби Айнолҷуқ, ки дар арафаи тохтутози муғул ба Осиёи Марказӣ ҳокими ш. Утрор буд.
Таваллуд |
1165 ё асри XII |
---|---|
Даргузашт |
1220 |
Насабнома
вироишДар маъхазҳои таърихӣ бо номи Инолхон ва Ниёлҷуқ низ ёд шуда, насабаш ҳамчун холазода ё тағозодаи Муҳаммад Хоразмшоҳ ба Турконхотун мепайвандад. Номи Ғоирхон нахустин бор дар таърих ҳангоми шарҳи «фоҷиаи Утрор» зикр мегардад.
Корномаи сиёсӣ
вироишБаъди барқарор гардидани муносибатҳои дуҷонибаи байни муғулҳо бо Хоразмшоҳиён бо дастури Чингизхон ҳайати тоҷироне (иборат аз 450 нафар) бо сарварии Умари Утрорӣ, Ҷамоли Мароғӣ, Фахруддин Дизакии Бухорӣ ва Ҷамоли Мароғӣ бо ашё ва тилову нуқраи фаровон ба Хоразм сафар карда, дар ш. Утрор аз ҷониби Ғоирхон ҳамчун ҷосус дастгир ва ба фармони Муҳаммад Хоразмшоҳ кушта шуданд (1218). Ба қавли Насавӣ, Ғоирхон ба хотири дарёфти амволи гаронбаҳо хилофи фармони Муҳаммад Хоразмшоҳ дар бораи боздошти ҳайат ва муайян кардани ҳақиқати ҳол рафтор карда, тоҷиронро сар бурид. Ба андешаи Ҷувайнӣ, Ғоирхон дар ҷавоб ба мағрурии яке аз тоҷирони ҳинду ба ин амал даст задааст.
Пайомади иқдомоти Ғоирхон
вироишБаъди ифшо шудани хабар Чингизхон сафорати дигареро бо сарварии Куҷ Буғро ба Хоразм фиристод, то Муҳаммад Хоразмшоҳ гунаҳкори фоҷиа – Ғоирхонро ба дарбори Хони бузург таслим намояд. Муҳаммад Хоразмшоҳ аз тарси сарлашкарону ашрофи бузург (онҳо аксаран наздикони Ғоирхон буданд) на танҳо гунаҳкорро ба Чингизхон насупурд, балки фиристодаи муғулро ба қатл расонид, ки ин амал барои ҳамлаи муғул ба Осиёи Миёна баҳона гардид. Ғоирхон дар арафаи тохтутози муғул бо дастури Муҳаммад Хоразмшоҳ ба истеҳкоми деворҳои мудофиавии Утрор машғул гардида, муҳофазати шаҳрро ба уҳда дошт (1219).
Фарҷоми зиндагӣ
вироишЧун Ғоирхон намехост ба Чингизхон таслим шавад, муддати 6 моҳ дар Утрор бо сипоҳи 60–ҳазорӣ (ба қавли дигар 20–ҳазорӣ) бар зидди муғулон мубориза бурда, оқибат тибқи фармони Чингизхон зинда дастгир карда шуд. Назари таърихнигорон оид ба тақдири баъдии Ғоирхон гуногун аст: ба қавли Ҷувайнӣ, дар саройи Коси Самарқанд кушта шуд; тибқи ривояти Насавӣ, Чингизхон баъди ишғоли Утрор ба чашму гулӯи Ғоирхон нуқраи гудохта рехт.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ғоирхон / Н. Амиршоҳӣ, Р. Абдуллоев // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Буниятов З. М. Государство Хорезмшахов-Ауштегинидов. 1097–1231. М. 1986;
- Неъматов Н. Н., Амиршоҳӣ Н., Мирбобоев А. К., Пирумшоев Ҳ. Таърихи халқи тоҷик. Х. 2008;