Ғолиби Исфаҳонӣ
Мирзо Муҳаммадҳусайн Ғолиби Исфаҳонӣ (форсӣ: میرزا محمدحسین غالب اصفهانی; қарни XVIII) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишАз содоти Исфаҳон буд. Пас аз касби камол ба Ҳиндустон рафт. Наввоб Сарфарозхон — субадори Бангола ба ӯ мансаби девондорӣ дод. Дар замони ҳукмронии Фаррухсияр (1712—1719) ба Шоҳиҷаҳонобод кӯчид. Пас аз чаҳордаҳ соли иқомат дар Ҳинд, дар замони Нодиршоҳи Афшор (1735—1747) ба Эрон баргашт. Бо тазкиранигор Лутфалибеки Озар ҳамсуҳбату дӯст будааст. Намунаҳои ашъораш ба тавассути тазкираҳо боқӣ мондаанд.
Абёти зер аз ӯст:
Тапиши дил магар изҳор кунад ҳоли маро,
В-арна кас нест, ки гӯяд ба ту аҳволи маро.
Афсурдадилӣ гашта зи бас ом дар ин шаҳр,
Девона ба роҳе раваду тифл ба роҳе.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ғолиби Исфаҳонӣ / С. Ализода // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.