Ғолиби Озарбойҷонӣ
Асадуллоҳхони Рамазонхон Ғолиби Озарбойҷонӣ (форсӣ: غالب آذربایجانی; 1834 — ? — шоири форсигӯи Озарбойҷон.
Зиндагинома
вироишУлуми мутадовилаи давр, махсусан, шеъру адаби форсиро ба хубӣ аз худ карда буд. Дар дарбори ҳукмрони давраш хидмат мекард. Баъдан, китобдори мадраса буд. Ғолиби Озарбойҷонӣ, асосан шоири ғазалсарост. Бештар ба сабк ва эҷодиёти Ҷалолуддини Балхӣ пайравӣ кардааст.
Абёти зер аз ӯст:
Ай соқии шӯрангез, май деҳ қадаре моро,
В-аз баъди шароби талх з-он лаб шакаре моро.
Як ҷом ба ман додӣ, к-аз пой даруфтодам,
То бигзарам аз сар низ, дардеҳ дигаре моро.
Шуд хушк ниҳоли васл аз боди хазони ҳаҷр,
Бешубҳа дарахти хушк надҳад самаре моро.
Эй тирашаби ҳиҷрон, бе моҳи рухаш мурдем,
Биллаҳ, зи ҷамолаш кун толеъ қамаре моро.
Ҳарчанд шаби васлаш маҳтобшабе бояд,
Торик шабаш бошад равшан саҳаре моро.
Шаҳзода Музаффаршоҳ, к-аз шоҳ валиаҳд аст,
Бодо ба адӯ ҳар дам аз вай зафаре моро.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ғолиби Озарбойҷонӣ / С. Ализода // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.