Ғофили Мозандаронӣ
Ғофили Мозандаронӣ (форсӣ: غافل مازندرانى; қарни XVII) — шоир, дабир ва хаттоти форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
вироишАз зодгоҳаш — Мозандарон дар замони ҳукмронии Аврангзеби Оламгир (1658−1707) ба Ҳиндустон рафт. Ба сабаби дар иншопардозӣ «ягонаи замона» будан дабири хоссаи Аврангзеби Оламгир гардид. Аврангзеб ба ӯ унвони «Равшанрақам» дода буд. Соҳиби тазкираи «Миръоту-л-олам» (таълифаш 1667) Бахтовархон, ки бо ӯ робитаи дӯстӣ доштааст, аз Ғофили Мозандаронӣ ҳамчун «ҷавони мустаид» ном бурдааст. Мувофиқи маълумоти Муҳаммадафзали Сархуш дар тазкираи «Каламоту-ш-шуаро» «дар хатти насху настаълиқ назир надошт ва дар хутути дигар мисли сулсу райҳону риқоъ ва ғайра бемисл буд». Аз эҷодиёташ абёти пароканда тавассути тазкираҳои «Миръоту-л-олам» (4 байт) ва «Каламоту-ш-шуаро» (16 байт) боқӣ мондааст.
Ин рубоиҳо аз ӯянд:
Чун пир шудӣ, кори ҷавон натвон кард,
Пирист на кофарӣ, ниҳон натвон кард.
Дар зулмати шаб ҳар он чи кардӣ, кардӣ,
Дар равшании рӯз ҳамон натвон кард.
Аз гармии ишқ баҳру бар месӯзад,
Сабри дилу тоқати ҷигар месӯзад.
Ишқ офати зуҳди хушку домони тар аст,
Оташ чу гирифт, хушку тар месӯзад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ғофили Мозандаронӣ / З. Fаффорова // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.