Ғубории Ҳиравӣ
Муҳаммадамин Ғубории Ҳиравӣ (форсӣ: محمدامین غباری هروی[1]; қарни XVI) — шоир, хаттот ва донишманди форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишМувофиқи маълумоти манбаъҳои адабӣ аз шоирону донишмандони машҳури замон будааст. Дар иншо моҳир буд, аз илми ҳайъат огоҳии комил дошт. Аз эҷодиёташ намунаҳо дар тазкираҳо (мас., «Маҷмаъу-л-хавос») сабт гардидаанд. Абёти зер аз ӯст:
Чунон макун, ки дигар тарки оҳу нола кунам,
Чунон макун, ки туро бо Худо ҳавола кунам.
Рухе, ки гашта чу коҳ аз хумори меҳнату дард,
Зи нашъаи майи ворастагӣ чу лола кунам.
Ба ним лаҳза, ки домони дигаре гирам,
Сазо ба домани рашки ҳазорсола кунам.
Дил хуш ба сари кӯйи ҷунун омада буд,
Дар сабру субот зуфунун омада буд.
Ин уқдаи рашк агар намеомад пеш,
Аз уҳдаи ошиқӣ бурун омада буд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ محمدامین غباری هروی. ویستا. 27 май 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Ғубории Ҳиравӣ / М. Диловаров // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.