ҒУЛОМДАВЛАТдеҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 14,5 км. Аҳолиаш 1413 нафар (2010), тоҷикон. Аз 53 хоҷагӣ иборат аст. Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ, нуқтаҳои фурӯши маҳсулот, 46 хоҷагии деҳқонӣ, фермаи чорводорӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дорад. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.[1]

  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.