Ғулом Покӣ (форсӣ: غلام پاکی‎; қарни XVI) — шоири форс-тоҷик.

Ғулом Покӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар зод­гоҳаш Ҳирот ба камол расидааст. Аз табақаи ҳунар­ман­дони шаҳри Ҳирот (сартарош) буд. Ба шеъру шоирӣ майлу рағбати зиёд дошт ва дар маҳфилу маҷлиси шоирону доираи ҳунармандон ашъорашро ба шунавандагон пеш­ни­ҳод мекард. Девон тартиб дода будааст, вале он даст­рас нагардидааст. Намунаҳои ашъораш тавассути таз­ки­раҳо то имрӯз расидаанд. Рубоии зер аз ӯст:

Теғи аҷал он дам, ки алам хоҳад шуд,
Ин ҷисми чу мӯйи мо қалам хоҳад шуд.
Гар ҷурму гуноҳи мо ба покӣ бибарӣ,
Аз кисаи раҳматат чӣ кам хоҳад шуд?

Адабиёт

вироиш