Ғулом Шодӣ
Ғулом Шодӣ (? — қарни XVI) — навозанда, хонанда ва таснифгари форс-тоҷик, фарзанди Шодии Ҳиравӣ.
Зиндагинома
вироишФаъолияти ҳунарии Ғулом Шодӣ дар Ҳироту Самарқанду Марву Бухоро ҷараён гирифтааст. Назарияи шеъру мусиқиро дар назди падар омӯхтааст. Дар санъати сарояндагӣ, бавижа дар сурудани намунаҳои ҳамосию таърихӣ ва ирфонӣ касе аз ҳамзамононаш ҳампояи ӯ набудааст. Ғулом Шодӣ дар сабки «таҷвид» (қироати Қуръон ва дигар осори мазҳабӣ) ва дар сохтани таснифоти ирфонӣ ном бароварда буд. Зайнуддин Маҳмуди Восифӣ ва Дарвешалии Чангӣ дар осори хеш ба шуҳрати таснифоти ӯ ишораҳои зиёд доранд. Ғулом Шодӣ бо такя ба зарбу авзони мақомҳо дар чандин мавзӯъ суруд, тарона эҷод кардааст, ба мисли «Таснифи Наво», «Таснифи Гулу Наврӯз», «Қавли ошиқон», «Кор ба Зерафкан», «Савти булбулон» (ашъори Абдурраҳмони Ҷомӣ) ва ғ.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ғулом Шодӣ / А. Раҷабов // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.