Хайруддин Ғурбатии Лоҳурӣ (форсӣ: غربتی لاهوری‎, маъруф ба Шоҳ Абулмаолӣ; 1552, Шергарҳи Панҷоб — 1615, Лоҳур) — шоир ва нависандаи форсизабони Ҳиндустон, ори­фи силсилаи қодирия.

Ғурбатии Лоҳурӣ

Зиндагинома

вироиш

Гузаштагонаш аз Кирмони Эрон ба Ҳиндустон кӯчидаанд ва Панҷобро макони сукунат ихтиёр намудаанд. Тарбияи ӯро амакаш Шайх Довуди Кир­мо­нӣ, ки аз орифони маъруфи тариқати қодирия буд, ба уҳда дошт. Дар тариқат ба Шайх Довуд дасти иродат дод. Дар ашъораш Шайх Довуди Кирмониро ба ҳадде ситудааст, ки Абдулқодири Бадоунӣ дар ин маврид навиштааст: «…ҷуз пирпарастӣ шеваи дигар надониста». Соли 1602 бо хо­ҳиши Шайх Довуди Кирмонӣ барои иршоди толибон ба Ло­ҳур рафт ва миёни мардуми он диёр маъруф гардид. Файзии Файёзӣ, Абдулқодири Бадоунӣ, Шайх Муҳад­диси Деҳлавӣ ва дигарон бо ӯ мукотиба дош­таанд. Дорошукӯҳ дар «Сафинату-л-авлиё» соҳиб­каро­мат будани ӯро зикр намудааст. Ба қавли муаллифи «Тазкираи шуарои Пан­ҷоб» Сарҳанг Хоҷа Абдуррашид «оши­қе дардманд» ва «солике поябаланд» будааст. Шайх Му­ҳад­диси Деҳлавӣ дар "Шарҳи «Футуҳу-л-ғайб» дар борааш маълумот меоварад. Ғурбатии Лоҳурӣ муаллифи китобҳои ақоиди суфия: рисолаи «Ғав­сия» (дар манқабати Шайх Абдул­қодири Гелонӣ), «Туҳ­фаи қодирия» (дар саргузашт ва каромоти Шайх Абдул­қо­дири Гелонӣ), «Шавқия» (дар баёни кайфияти муноҷот ва аҳволи шавқ ва беқарории суфиё­на), «Мӯниси ҷон» (дар ҳикоёт ва латоифи пан­домӯз ва зиндагиномаи бархе аз шоирони форсигӯ дар чаҳор мақо­ла), «Заъфаронзор», «На­фаҳоти Довудӣ», «Гулдастаи боғи Ирам», «Ҳашт маҳфил» (суханони вай аз ҷониби писараш Сайид Му­ҳам­мадбо­қир гирдоварӣ шудаанд) мебошад. Ғурбатии Лоҳурӣ ба забон­ҳои фор­сӣ ва арабӣ шеър мегуфт. Дар форсӣ Ғурбатӣ ва дар арабӣ Ма­олӣ тахаллус мекард. Шуҳрати су­ханварии ӯ на танҳо дар сарзамини Ҳинд, балки дар Эрону Хуросон ва Мо­ва­роун­наҳр низ паҳн гардида буд. Дар ғазал ба Ҳо­физ пай­ра­вӣ намудааст. Аз шумори шоиронест, ки шат­ҳи­ёт (дар тасаввуф — суханони мухолифи зо­ҳи­ри шаръ гуфтан ва калимоти мухолифи шариат ба забон овардан)-ро дар шеъри фор­сии Ҳинду Покистон ворид намуд.

Аз Ғурбатии Лоҳурӣ девони ашъор иборат аз ғазалиёт, қасидаҳо, қитъаҳо, муаммоҳо ва рубоиҳо (маҳфуз дар Китобхонаи Донишгоҳи Панҷоби Лоҳур) боқист.

Дар бораи девонаш гуфтааст:

Девони Ғурбатӣ ҳама сӯз асту ошиқӣ,
Девонаест, дар пайи тазйин намешавад.

Намунае аз ашъори Ғурбатии Лоҳурӣ:

Ишқбозонро нишони дигар аст,
Ин маониро баёни дигар аст.
Ин ҷаҳону он ҷаҳон маъвои туст,
Сайри эшон дар ҷаҳони дигар аст.
Гар нахоҳанд обу нон ҳаргиз, чӣ ғам?
Қути эшон з-обу нони дигар аст.
Худфурӯшӣ нест дар бозори ишқ,
Ҷойи ин савдо дукони дигар аст.
Ғурбатиро чун Масеҳову Хизир
Ҳар дам аз лаъли ту ҷони дигар аст.

Адабиёт

вироиш