Ғурур (ар. غرور‎ — фирефтан, такаббур, ҳавобаландӣ, болидан) — яке аз сифатҳои ахлоқӣ, ки ҷанбаҳои нописанду писандида дорад. Ҷанбаи нописанди ғурур дар эътимоди нафс ба он чӣ, ки мутобиқи ҳавову ҳавас аст, зоҳир мегардад. Аз ин ин лиҳоз ғурур эҳсосест, ки дар он шахс барои хеш арзиши бисёр баландро қоил буда, худро аз ҳама чиз ва аз ҳама кас боло мепиндорад.

Ғурур ба маънии беҳуда умедвор кардани касе низ меояд. Ғурур яке аз бемориҳои қалбӣ буда, инсони гирифтори он худро дорои имтиёзоту камолоте мепиндорад ва дигаронро аз худ поёнтар меҳисобад, ҳақиқатро дуруст шинохта наметавонад ва пайваста дар масири гумроҳӣ гом. Ҳангоме инсон худро аз чизе бархурдор медонад, ки дигарон аз он огоҳ нестанд, бинобар боло будани арзиши он ва камбуди зарфияти худ шод шуда, ба хеш меболад ғурур домангири ӯ мешавад. Касоне, ки дар масири илму дониш гом мебардоранд, гоҳо аз муваффақият ва пирӯзиҳои худ ба бемории ғурур гирифтор мегарданд. Раҳоӣ аз ғурур ҷуз бо ҷаҳду талошҳои густурда муяссар намешавад. Инсонҳо аз назари истеъдодҳои дарунӣ яксон набуда, дорои қобилият ва зарфиятҳои гуногунанд. Афроди камзарфият ҳангоме ки ба молу ҷоҳ даст меёбанд, худро гум карда, мағрур мешаванд. Барои чунин афрод молу ҷоҳ аслу арзиши баланди инсонӣ ба шумор рафта, обрӯ ва ҳайсияти дигарон дар назарашон беарзиш ҷилва мекунад. Дар бештари мавридҳо омиле, ки боиси ғурур мешавад, дурӯягӣ, фиребу найрангҳои зудгузар дар касби молу ҷоҳ мебошад. Яке аз беҳтарин воситаҳои аз байн рафтани ғурур дар инсон риояи хоксорӣ ва тавозуъ мебошад. Аз нигоҳи шариат ғурур яке аз гуноҳони ҳафтгона шумурда мешавад.

Ҷанбаи писандидаи ғурур ифтихор ва болидан аз мероси пурғановати фарҳангии ниёгони худ ва пирӯзию муваффақиятҳои афроди миллат дар соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ: илму фарҳанг, ҳунар, варзиш ва ғурур мебошад. Ғурур эҳсоси худбаҳодиҳии мусбӣ, ҳисси табиии шарофати шахсӣ, қаноатмандӣ ва эҳтироми худ мебошад. Ғурур инчунин донистани қадру қимати худ, ҳисси далерию бебокӣ ва дарки он аст, ки инсон ашрафи махлуқот маҳсуб меёбад.

Ғурури миллӣ

вироиш

Ғурури миллӣ ё ифтихори миллӣ боис мешавад, ки мардум ҳуввияти худро тақвият бахшад ва аз асли хеш ифтихор намояд. Масалан, ҳангоме ки тими футболи Тоҷикистон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ пирӯз мегардад ё ягон донишманди тоҷик гирандаи ҷоизаи байналмилалӣ мешавад, ифтихор ва ғурури миллии ҳар як фарди ватандӯст боло мегирад. Дар чунин мавридҳо аён мегардад, ки агар ҳар як соҳаи фаъолияти иҷтимоӣ ба андозаи кофӣ дастгирӣ ва барномарезӣ шавад, имкон дорад, ки миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва ба комёбиҳои бузург мушарраф гардад. Ҳуввияти миллӣ тавассути ғурури миллӣ қавитар, шӯру нишот ва умеди эҷод, эҳёи неруҳо ва имконоти нуҳуфтаи афроди миллат зиндаву бозтоб мешавад. Ғурур ҳамчун образи шеърӣ бештар ба маънои такаббур ва ҳавобаландӣ дар адабиёти форс-тоҷик ба кор бурда шудааст:

Ғурури ҳусн иҷозат магар надод, эй гул,
Ки пурсише накунӣ андалеби шайдоро.

Ҳофиз

Мекашад сарриштаи кори ғурур охир ба аҷз,
Гар ҳама имрӯз шамшер аст, фардо сӯзан аст.

Бедил

Адабиёт

вироиш
  • Леонтьев А. Н. Потребности, мотивы и эмоции. М., 1971;
  • Словарь по этике / Под редакцией И. Кона. М., 1981;
  • Зубец О. П. О гордости // Электронная библиотека ИФ РАН. М., 2006;
  • تهران، 1998 دهخدا علی اکبر. لغت نامه. جلد ١١.

Сарчашма

вироиш