Ғусли таъмид (форсӣ: غسل تعمید‎) — оини поксозӣ дар масеҳият ва сикхия, ки маншаи он ойини таҳорати яҳудӣ мебошад.

Ба во­ситаи ғусли таъмид одам узви калисо гашта, имкон пайдо мекунад, ки дар тамоми маросими дигари он ҳузур дошта бошад. Ғусли таъмид бо роҳи ғӯтавар шудан ё ғӯтавар кардани одам дар об (вобаста ба равия – як бор ё се бор) ё пошидани об ба шахси таъмидшаванда, бо хондани дуоҳои муқар­рар­шуда аз ҷониби рӯҳонӣ сурат мегирад. Маросими ғута­вар шудан дар об қариб барои тамоми халқҳои қадим – кал­дониён, финиқиҳо, мисриён, форсҳо, қисман юнони­ҳо­ву ру­миҳо аз ҷиҳати покии ҷисмонӣ ва маънавӣ низ аҳам­мияти хосса дошт. Румиҳо тифлони навзодро дар рӯзи ҳаштум ё нуҳум шустушӯ доронда, номгузорӣ мекарданд. Ғусли таъмид ҳам­чу­нин дар қатори маросимҳои фирқаи яҳу­дии ессеиҳо ёдо­варӣ мешавад, ки онро бо баргузории амал­ҳои махсус иҷ­ро мекарданд. Яҳудиён твила ном маросим доранд, ки тавассути он худро аз нопокии маро­си­мӣ пок мекарданд. Ин маросимро Юҳаннои Масеҳ дар д. Урдун баргузор ме­кард. Исои Масеҳ низ аз дасти Юҳан­но ғусли таъмид гирифт ва ин на­муна барои ғусли таъмиди масеҳӣ гардид. Дар равияҳои пра­вос­лавӣ, католикӣ ва протес­тан­тӣ ғусли таъмид аз ҷумлаи фароизи ди­нӣ аст. Аз нуқтаи назари калисо, бо ғусли таъмид инсон барои зин­дагии ҷисмонии пур­гу­ноҳ мемирад ва аз ҷониби Рӯҳул­қу­дус барои ҳаёти рӯ­ҳо­нӣ эҳё мегардад. Ҳангоми ғусли таъмид ин­сон на танҳо гуноҳони пешинаашро ме­шӯ­яд, балки ама­ли содир кардани гуноҳро дар худ маҳв месозад. Дар тим­соли куштан ба воситаи об маҳв­со­зии гуноҳон ба амал оварда мешавад, вале на маҳв­созии тамом, балки то андозае кӯшиши пешгирӣ аз паи­ҳа­мии гуноҳон. Маз­ҳабҳои ма­сеҳӣ дар масъалаи бар­гузории ғусли таъмиди кӯдакон ё калонсолон бе омӯзиши асос­ҳои мазҳабӣ ё танҳо пас аз омӯзиши онҳо тафовути назар доранд. Ғусли таъмид бе омӯзиши асос­ҳои маз­ҳабӣ дар равияи пра­­вославӣ имконпазир аст, вале чан­дин мазҳаби про­тес­тан­тӣ инро имконнопазир медонанд, зеро тибқи эъти­қо­ди онҳо кӯдакон ва калонсолони аз асосҳои маз­ҳаб бехабар наметавонанд тавба кунанд ва эҳё шаванд. Ғусли таъмид дар даврони калонсолӣ низ баргузор мешуд: Григорийи ило­ҳиёт­шинос, фарзанди усқу­фи На­зианзӣ, дар 30-солагии худ аз дасти падараш ғусли таъмид гирифт, Василийи Кабир ва Юҳан­нои Зарриндаҳон пас аз хатми таълимашон ғусли таъмид гирифтаанд. Баъзеҳо ҳатто пеш аз марг ғусли таъмид мегирифтанд. Дар қоидаи 124-уми Калисои ҷомеъи Кар­фа­ге­нӣ (асри 4) нисбат ба касоне, ки зарурати ғусли таъмиди кӯдакон ва навзодонро инкор мекунанд, кароҳат (анафема) баён карда шу­да буд. Аҳмади Дониш дар «Меъ­ёру-т-тадай­юн» ҳикояте оварда, дар он мунозираи шайхи восилро бо руҳонии ма­се­ҳӣ тасвир мекунад ва яке аз мав­зӯъҳои баҳ­си онҳо ҳамин ғусли таъмид будааст.

Адабиёт

вироиш
  • Гараджа В. И. Религиоведение: Учебное пособие для студентов высших учебных заведений и преподавателей средней школы. М., 1995;
  • Яблоков И. Н. Религиоведение: Учебное пособие и учебный словарь-минимум по религиоведению. М., 2000;
  • Аҳмад Махдуми Дониш. Меъёру-т-тадайюн. Д., 2010.