Ғӯраоб
Ғӯраоб — як навъе аз ғизо. Ангури ғӯраро майда карда, обашро аз дока ё элак гузаронда, намак мепошанд. Сипас онро дар ягон зарфи сирдор то таҳшин шуданаш як шаборӯз нигоҳ медоранд. Барои майда кардани ғужби ангур аз гӯштқимакунак истифода бурдан мумкин аст. Дар ин маврид теғи онро гирифта мемонанд. Баъди таҳшин шудани Ғӯраоб онро ба шишаҳо андохта, даҳонашро бо сурғуҷ маҳкам мекунанд ва дар офтобрӯя мегузоранд. Пас аз 2 — 4 моҳ Ғӯраоб тайёр мешавад. Ба 1 л. Ғӯраоб 2 чумча намак ҳамроҳ кардан лозим аст. Ғӯраобро бо таомҳои дуюм мехӯранд. Ғизои иштиҳоовар мебошад[1].
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Ғӯраоб аз Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон http://tajmedun.tj/publ/raob/6-1-0-805(пайванди дастнорас)