Қавсии Исфаройинӣ форсӣ: قوسئ اسفراینی‎; қарни XV — қарни XVI) — шоири форс-тоҷик.

Қавсии Исфароинӣ

Зиндагинома вироиш

Бино ба маълумоти Навоӣ, илмҳои маъмули замонро дар зодгоҳаш омӯхта, баъдтар ба касби сипоҳигарӣ машғул шудааст. Даъвои паҳлавонӣ ҳам мекард. Навоӣ ӯро аз шоирони хуштабъу боистеъдод донистааст.

Матлаъи яке аз ғазалҳои ӯ:

Чу бар ман вақти ҷонбозӣ либоси хештан пӯшад,
Касе хоҳам, ки рӯзи марг бар тобути ман пӯшад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Мир Низомуддин Алишери Навоӣ. Маҷолису-н-нафоис. Д., 2018.