Қадамҷойи Ҳазрати Алӣ

Қадамҷойи Ҳазрати Алӣ - яке аз мавзеи Зиёратгоҳҳои Ҳисор мебошад. Дар қаторкӯҳҳои Ҳисору Боботоғ якчанд ҷойро қадамҷойи бузургон меҳисобанд. Мазори «Пойи Дулдул» (Изи пойи аспи Ҳазрати Алӣ) аз собиқ деҳаи Ҷомбулоқ се чақрим шарқтар, дар қуллаи кӯҳи Боботоғ мавқеъ дорад. Поёнтар аз ғори Тошмасҷид ҳамвории васеъ ҳаст. Болотар аз он дарахтони калони туғдонаю бурс қомат афрохтаанд. Ин мавзеъро қадамҷойи Ҳайдари Қаррор (яке аз номҳои Ҳазрати Алӣ) ном мебаранд.

Қадамҷойи дуюми Ҳазрати Алӣ (р.а) дар гузари Чангоби қисми ғарбии шаҳри қадимаи Ҳисор бо номи «Бузургвори Тӯғдона» ё «Ҳайдари Қаррор» машҳур аст.

Қадамҷойи сеюми Ҳазрати Алӣ дар қисми ҷанубии ш. қадимаи Ҳисор, дар гузари Дарвозаи Шаккарин, аз дарвоза дар масофаи тахминан 70 метр дуртар бо номи «Бузургвори Ҳазрати Шоҳимардон» мавҷуд аст.

Қадамҷойи чорум ин «Тути такя» мебошад. Он дар зери дарвозаи Арки Ҳисор ҷойгир аст. Тути такя барои он гӯянд, ки гӯё дар сояи ин тут Ҳазрати Алӣ такя карда бошад. Ҳақиқат он аст, ки Алӣ ибни Абӯтолиб (р) ҳаргиз ба кишвари мо гузар накардааст, шояд мардум аз рӯйи ихлосу эҳтироми ба он ҳазрат дошта ин ривоятҳоро бофта бошанд..[1]

Адабиёт

вироиш
  • Юсуф Қодиров, Абдуҳалим Самадов. Зиёратгоҳҳои Ҳисор. - Душанбе: «Ирфон», 2011.

Пайнавиштҳо

вироиш
  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 256-258