Мавлоно Қадимии Наққош (қарни XV, Гелон — қарни XVI) — наққош ва шоири форс-тоҷик.

Қадимии Наққош

Зиндагинома вироиш

Давраи ҷавонии ӯ дар Гелон сипарӣ шуда, баъдтар барои такмили дониш ба шаҳрҳои Исфаҳону Шероз рафтааст. Аз илмҳои расмии замон (ҳандаса, кимиё, ҳисоб, ҳадис, тафсир, сарфу наҳв ва ғ.) огоҳӣ дошт. Наққошӣ пешаи ӯ будааст. Муаллифи тазкираи «Туҳфаи Сомӣ» аз хоксории ӯ тавсиф карда, табъи хуби шоирияшро месутуд. Қадимии Наққош дар навъҳои гуногуни адабӣ (ғазал, қасида, қитъа, рубоӣ ва ғ.) шеър гуфтааст. Ӯ худ девони ашъорашро бо тахаллуси «Қадимӣ» тадвин кардааст, аммо нусхае аз он дастрас нест.

Намунае аз як ғазали ӯ:

Дидаам рӯйеву ошиқ шуда ҷои аҷабе,
Рух намудаст маро боз балои аҷабе.
Чора дар ишқи ту ҷон доданам аз дарду ғам аст,
Турфа дардест диламрову давои аҷабе.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Соммирзои Сафавӣ. Туҳфаи Сомӣ. Д., 2018.