Қадрии Насафӣ (форсӣ: قدری نسفی‎; қарни XVI — тақр. 1605) — шоири форс-тоҷик.

Қадрии Насафӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар мадрасаи Хоҷа Калонхоҷаи Ҷӯйборӣ таҳсил карда, илмҳои расмии замонро фаро гирифтааст. Бо донишу фазилати худ байни аҳли адаби Бухорову Самарқанд шуҳрат ёфтааст. Бино ба маълумоти Мутрибӣ (дар «Тазкирату-ш-шуаро»), Қадрии Насафӣ солҳои 1585—1586 ба Ҳиндустон сафар карда, тақрибан соли 1605 ҳамон ҷо вафот кардааст.

Ин матлаъ аз ӯст:

Мо бандаему маслиҳати мо ризои туст,
Хоҳӣ бибахшу хоҳӣ бикуш, рой ройи туст..

Адабиёт

вироиш