Қазову қадар
Қазову қадар (ар. قزاف و قدر) — حکم — ҳукм, امر — амр ва قدرت — қудрат, тавоноӣ), истилоҳоти динию фалсафии Шарқро гӯянд.
Дар аҳди аввали ислом истилоҳи Қазову қадар ба маънои сиришту сарнавишт истифода гашта, «қазо» маъмулан муродифи амри абадию азалӣ, куллӣ ва сифати зотии Худо, «қадар» бошад, зуҳури ирода, амр ё ҳукми махсуси ӯро ифода мекард. Абулҳасани Ашъарӣ қазоро иродаи кулли Аллоҳ, алоқаи он бо ашё, қадарро пайдоиши ашё бо иродаи Холиқ мепиндорад. Ибни Сино дар «Ишорот ва танбеҳот» оид ба Қазову қадар чунин гуфтааст: «Ва маънии «қадар» ин аст, ки тафсили он қазои аввал аст, расидани воҷиб, ки ҳар чи воҷиб нашавад, дар вуҷуд наояд…»[1] Дар таълимоти Ихвонуссафо қазо хиради ҷовидест, ки мувофиқи ҳаракати ситораҳо барои ҳар рӯҳ муқаддар шудааст. Дар давраи футуҳоти ислом масъалаи Қазову қадар барои тарғиби ғазавот васеъ истифода мешуд. Тавассути он ғозиёнро ба нотарсию бебокӣ ва таваккул тарғибу талқин мекарданд. Аз ҷиҳати сиёсӣ Қазову қадар рисолат (пайғамбарӣ)-и Муҳаммад ва ҳукмронии халифаҳоро ҳақ мебаровард. Аз ин рӯ, ҳам хулафои рошидин ва ҳам Умавиён ба он таваҷҷуҳи зиёд доштанд. Баъди интишори ислом дар мамлакатҳои забтшуда масъалаи Қазову қадар боиси баҳсу мунозира ва ихтилофоти доираҳои гуногун гашт. Саволе ба миён меомад, ки агар рафтору кирдори инсон ба иродааш вобаста набошад, пас чаро вай бояд барои аъмолаш ҷавобгар шавад? Дар ҳамин замина ихтилоф ва баҳсу мунозираҳои зиёде ба вуҷуд омада, сабаби пайдо шудани ҷараёнҳои динию фалсафии ба ҳам муқобили қадария ва ҷабария гардид. [2]
Адабиёт
вироиш- Одилов Н., Ислом дар оинаи ақл. - Душанбе, 1971;
- Петрушевский И.П., Ислам в Иране в VII-XV веках. - Л., 1966.