Қайроқ
Қайроқ - 1) сангест барои тез кардани теғ; 2) санг (лавҳа)-ест, ки дар рӯйи он катибаи гӯрро нависанд. Қайроқҳое, ки аз Осиёи Миёна ҷамъ оварда шудаанд, бештар байзашакл ва гуногунҳаҷм буда, дарозии баъзеашон то 1 м аст. Қайроқҳо барои сабти катиба дар намуди аслиашон истифода мешуданд. Қайроқҳои рӯйи қабр дар тамоми Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Ҳисор, вале бештар дар водии дарёҳо (хусусан дар болообу миёнаоби д.Зарафшон) вомехӯранд. Пеш калонтарин маркази тайёр кардани Қайроқҳои гӯр Самарқанд буд. [1]
Пайнавиштҳо
вироиш- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 312