Қайчӣ
Қайчӣ, дукорд, нохунперой, миқроз, гоз — асбоби дастӣ, дастгоҳ ё мошинест барои буридани материалҳои гуногун.
Таърих
вироишҚайчӣ аз аcри III то м. Маълум буда, ҳангоми ҳафриёти ёдгориҳои маданияти латен ёфт шудааст. Он аз ду корд иборат аст, ки онҳоро пластинаи металлии камоншакл (фанарвор ҳаракаткунанда) бо ҳам мепайвандад. Чунин қайчиро ҳозир барои тарошидани пашми бузу гӯсфандҳо истифода мебаранд. қайчиҳои навъи ҳозира (ду корди баҳамдигар ба таври шарнирӣ пайвастшуда) тақр. дар а. VIII дар Шарқи Наздик сохта шудаанд. Қайчиҳоро ба қайчии рӯзгор, челонгарӣ, тиббӣ ва ғ. ҷудо мекунанд. Бо қайчии дастӣ матоъ, қоғаз ва ғ.-ро мебуранд. Дар устохонаҳои таъмирӣ қайчиҳои статсионарӣ ва сайёри кордҳояшон дискшакл ва ростхаттаро истифода мебаранд. Материалҳои тахта-тахта ва тасма-тасма, ғулбаҳо, профилҳои муқарнаси варақ-варақи оҳанин ва амсоли инҳоро ба воситаи мошинҳои пуриқтидор (25 МН (2500 тқ) мебуранд. Дар чунин дастгоҳҳо варақапӯлоди ғафсиаш 60 мм, ғулбаи диаметраш то 165 мм-и прокатро буридан мумкин аст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 312