Қалъаи Ҳисор
Қалъаи Ҳисор (форсӣ: قلعه حصار) — ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ дар ноҳияи Ҳисор аст. Қалъаи Ҳисор қисми таркибии Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор мебошад. Вожаи «ҳисор» (форсӣ: حصار) арабӣ ва маънояш «диж» ва «қалъа» (форсӣ: قلعه)аст. Ин қалъа ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV—XVII мелодӣ — «Ҳисори Шодмон», яъне қалъаи Шодмон, номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз «Шодмон» аз он афтоду «ҳисор» монд ва исми хос — Ҳисор — гашт. Кӯҳандижи Ҳисор, ки бо номи Қалъаи Ҳисор маъруф аст, ёдгории даврони Пешдодиён буда, болои қалъа аз се қисм иборат аст. Қисми баландии он қароргоҳи беку амирон, қисми дуюм, яъне поёнӣ — уштурхона ва қисми асосии онро аскархона ташкил медиҳад. Атрофи Қалъаи Ҳисор бо девори баланди кунгурадори муҳофизатӣ иҳота шуда, баландиаш аз сатҳи болои қалъа 3,5 метр, рӯйи девор 10 метр паҳнӣ доштааст. Аз макони бекнишин тамоми ноҳияи Ҳисор чун кафи даст ба чашм метобад. Ба Қалъаи Ҳисор танҳо бо воситаи дарвоза даромадан мумкин будааст.
Ривоятҳои таърихӣ
вироишБаъзеҳо бар он ақидаанд, ки гӯё қалъа дар як шаб бо амри Оллоҳ пайдо шудааст. Аммо, ривоятҳои таърихӣ бунёди онро ба давраи шоҳ Таҳураси Девбанд - писари Ҳушангшоҳ, набераи Сиёмак ва абераи нахустподшоҳи афсонавии давраи Пешдодиён (солҳои 3280- 993 то мелод) медонанд. Мувофиқи ривоятҳо Таҳмурас дар муборизаи муқобили девҳо бо усули худи онҳо, яъне бо сеҳру ҷоду ғолиб омада, онҳоро маҷбур месозад, ки ин қалъаро бунёд кунанд ва сипас девҳоро ба даруни қалъа банд андохта, аз онҳо ҳарфу хат омӯхта халқи мулкашро хату савод меомӯзонад. Инчунин ривояте доири аз дасти Қаҳқаҳи ҷоду озод кардани Қалъаи Ҳисор аз ҷониби Ҳазрати Алӣ (р) дар эҷодиёти халқ мавҷуд аст. Ҳангоме ки кас ба он хоки анбӯҳи дур аз соҳили дарё қомат афрохта назар меандозад, беихтиёр ба хулоса меояд, ки он дарвоқеъ дар асари ягон қувваи фавқуттабиӣ бунёд ёфтааст.
Инчунин муҳаққиқони алоҳида ба пайдоиши Қалъаи Ҳисор кӯшиши аз назари илми ҳозиразамон наздик шуданро кардаанд. Олими рус Н.Новгородсев масъалаҳои марбут ба зилзилаи Ҳисорро (23 январи соли 1989) аз назари геологӣ таҳқиқ намуда, дар анҷоми мақолааш (маҷаллаи “Вокруг света, ”соли 1990) менависад:”Қисмати баландии қалъа дастисохт буда, дар қисмати ҷанубӣ ё табиии он то вақтҳои наздик кӯли чуқуре мавҷуд буд. Қамиш мерусту ҳоло танҳо кӯлмаки хурде аз он нишона мондааст. Аз эҳтимол дур нест, ки ин кӯл дар танӯри вулқони лойин воқеъ будааст ва бо мурури замон фаъолияти худро қатъ кардааст. Он кӯл аз обҳои нафтии қаъри замин сарчашма мегирифт ”. Аз ин андешаи олим бармеояд, ки хоктӯдаи азими Қалъаи Ҳисор дар натиҷаи зуҳури вулқон ба вуҷуд омадааст ва бо гузашти фосилаи дароз худи воқеаи вулқон аз хотирҳо зудуда гашта, дар боло ва атрофи теппа девору биноҳо бунёд карда шудаанд. Қалъа ва шаҳри Ҳисор бисёре аз ҳокимони одилу фозил ва покандешу хайрандешро дида, давра ба давра ободу зебо гардидааст.
Экспедитсияи Ҳисор
вироишПас аз истило шудани Осиёи Миёна аз тарафи Русияи подшоҳӣ дар охири асри XIX шартномаи тобеияти аморати Бухоро, аз ҷумла бекигарии Ҳисор бо империяи Русия муқаррар карда шуд. Тоҷирон, сайёҳон, олимон, таҳқиқотчиён, мансабдорон ва ҳар биёни Русияву Аврупо дар ҳамаи бекигариву амлокдорӣ ҳуқуқи озо- дона савдо кардану кору таҳқиқот бурданро пайдо намуданд. Ба аврупоиён ганҷинаи пурасрори Ҳисори Шодмон дар соли 1875 аз ҷониби «Экспедитсияи Ҳисор» маълум гардид. Акнун онҳо ба ин диёр омада оид ба омӯзишу таҳқиқи рустаниву ҳайвонот, обҳои табииву конҳои пурасрор, захираву манбаъҳои зеризаминӣ, сиёсату маданият ва вазъи зиндагии мардуми одӣ машғул мешуданд. Яке аз сайёҳони арман В.Марконян, ки дар он солҳо ба Ҳисор меҳмон шуда омадааст, вазъи бади тандурустии аҳолиро ба ҳисоб гирифта, дар хотироташ ин диёрро «водии марг» номидааст. Сабаб дар он буд, ки ғайр аз мансабдорону бойҳо ба халқи бенаво хидмати тиббӣ асонида намешуд. Сарҳанг (полковник)-и артиши подшоҳии рус Д.Н.Логофет, ки дар соли 1880 дар Ҳисор буд, вазъи мураккаби ҳаёти мардумро бо камоли таассуф ба қалам медиҳад: «Дар он солҳо дар деҳаҳои дурдасти кӯҳистон корҳои таҳқиқотӣ бурда, мо аз бисёр сокинон хабарҳои наву тозаро борҳо мешунидем. Арзу шикояти беҳисоб ба шахсияти бекҳо, инчунин ба хизматчиёни поёнӣ гувоҳи ин буданд, ки дар бораи сар задани ӯришҳои нави халқӣ дар бекигарӣ кушоду равшан гап мезаданд». («Административное устройство Гиссарского бекства», Туркестанские ведомости, 1880, №112). Ин таҳқиқотчии кунҷков ва закӣ дар ҷои дигар, дар асараш «В горах и на равнинах Бухары» («Дар кӯҳҳо ва водиҳои Бухоро», СПб.1913 саҳ.479) менависад:
«Осори гулӯлаҳои тӯп, ки деворҳоро хароб кардаанд ва дар табақаҳои ғафси дарвоза сӯрохиҳои калонро гузоштаанд, баёнгари безабони онанд, ки Қалъаи Ҳисор чандин маротиба дучори муҳосираю ҳуҷум гардидааст»
.
Тибқи шаҳодати ин афсари подшоҳии рус атрофи шаҳри Ҳисорро қӯрғони азими даҳкилометра бо чор бурҷи идбонгоҳдор иҳота карда буданд, ки панҷ дарвоза дошт: “Хоки сафед”,”Чангоб”,”Чашмаи моҳиён”,«Шаккарӣ» ва «Обдузд». Перомуни дарвозаҳои шаҳри Ҳисор ҳаминро бояд хотирнишон сохт, ки меъмории ин дарвозахонаҳо ба мисли дарвозаҳои имрӯзаи баъзе аҳрҳои олам гумбазшакл буда, аз масолеҳи мустаҳками хишти пухтаву санг сохта, бо усули биносозии шарқӣ қомат афрохтаанд. Онҳоро миршабон ва дарвозабонон муҳофизат мекарданду одамонро тафтиш ва иҷозаи воридшавӣ медоданд. Мутаасифона, ҳоло аз ин дарвозаҳо танҳо номашон боқӣ мондаву онҳоро майдонҳои пахтазор ишғол кардаанд.
Маълумоти олим В.Л.Литвинов
вироишТибқи маълумоти олим ва афсари артиши подшоҳии рус В.Л.Литвинов, ки соли 1910 гузораш ба Ҳисор афтода, ба ҳусну таровати ин диёри афсонавӣ, хусусан Қалъаи Ҳисор мафтун шуда буд, дар мақолааш «Очерки Гиссарского края» (рӯзномаи «Туркестанские ведомости», 19-октябри соли 1910) чунин навиштааст: «Тоҷикон барои сохтмони болохона ва меҳмонҳона, албатта, ҷои баландтаринро интихоб менамоянд, ки аз он уфуқи дуртаринро ҳам дидан мумкин бошад. Дар ин бобат иртифоти Қалъаи Ҳисор бо қасри қӯшбегӣ олӣ мебошад. Аз ин фароз тамоми қалъа, шаҳр, девори атрофи он, дидбонгоҳ, ҷараёни Дарёи Чангоб (Хонақоҳ), қисмати рӯдхонаи Кофарниҳон, бархе қитъаи водии бузурги Ҳисорро бо ҷузъиёташ наззора кардан мумкин аст». Аз рӯи нақли ин олими таҳқиқотчӣ баландии девори Қалъа аз теппаи фарозаш 3,5 метрро ташкил намуда, аз ду самт кунгурадор (дандонадори хиштин) будааст ва паҳноияш ба мисли Садди бузурги Чин ба ҳадде будааст, ки беки Ҳисор ҳар гоҳе бо фойтуни дуаспа нишаста рӯ-рӯйи девори гирдогирди Қалъа тоб хӯрда, шаҳр ва ҳудуди қаламравашро тамошо мекардааст. Дар тали фарозтарини тарафи рости Қалъаи Ҳисор баландии мутлақ аст, ки онро қароргоҳи бек мегӯянд. Аз рӯйи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ ва суратҳое, ки дар ибтидои асри XX аз ҷониби муҳаққиқону сайёҳон аккосӣ шудааст, маълум мегардад, ки он бино дарозрӯяи якошёна буда, 24 ҳуҷра доштааст. Айёме, ки бек ҳангоми гармоҳои тобистон ба бошишгоҳҳои тобистонааш ба Қаротоқ, қалъаи Душанбе ё Хонақоҳи Кӯҳӣ мерафт, онро хизматгорон таъмир ва дуруст мекарданд. Ин қароргоҳи бек низ қурбони сиёсати овони «атеизми ҷанговар» гардид, ки ҳангоми гузаронидани ҳафриётҳои бостоншиносӣ аз онҳо танҳо пойдевори баъзе ҳуҷраҳо бо ташнобҳояш ва осори хокистартӯдаҳо муайян гардиданду халос. Мегӯянд, ки дар дохили қалъа 3 масҷид амал мекардааст, ки муаззини яке аз онҳо Мирзо Муъмини Бойсунӣ будааст. Дар мактаби хусусии қароргоҳи бек Домулло Ҷӯраи Охунд мударрисӣ мекардааст, ки танҳо ба фарзандони амалдорон илми динӣ таълим медод. Қисмати ҷанубии қалъа «Уштурхона» номида мешуд, ки дар он ҳайвоноти боркашро нигоҳ медоштанд. Ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ тарҳи ин оғилҳоро муайян карданд. Дар теппаи болои он солҳои инқилоб қариб 25-30 сарбозони русро, ки ҳангоми набардҳо қурбон шудаанд, ба хок супорида- анд, ки ҳоло дахмаи онҳо қариб ноаён шудааст. Қисмати охирини қалъаро майдони бузурги мудаввари фарохи «Аскархона», ки дар қисмати ғарбӣ нисбатан пасттар ҷойгир аст, хотима медиҳад. Дар қисмати поёнии он чашмаи машҳури як вақте бо номи “Заъфарнӣ” маъруф ва сӯрохии калоне воқеъ аст, ки он низ собиқ дарвозаи хурд будааст. Аз он роҳ ба дохили қалъа хошоку озуқаи чорво ворид мегардид, ки ҳоло дар назди даромадгоҳаш мазори яке аз фузалои аҳли тариқат Шайх Нуриддини Нафас ҳамроҳи ду зани солеҳа қарор дорад. [1]
Ҷолиб
вироишДар пули миллии Тоҷикистон, бист сомонӣ, расми қалъаи Ҳисор тасвир шудааст.
Пайвандҳо
вироишМанобеъ
вироиш- ↑ Фатҳуллоҳи Азиз? Султонмуроди Одина/ Қалъаи Хисорро ки сохту кӣ бохг? № 5-6 (1983 ) 24 апрели соли 2014
Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон. - Душанбе, 2011