Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов — дар маркази маъмурии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷогир аст ва соли 2015 ба истифода супорида шудааст.
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қасри фарҳангии нав бо усули меъмории миллӣ соли 2015 сохта шудааст. Фарҳангсарой бо намуди зоҳирӣ ва толорҳои зебову мунаққашу мунаввараш ба Қасри Арбоб шабоҳат дорад. Даромадгоҳи қасри фарҳанг бо 50 шоҳсутун ва 82 нимсутун оро ёфтааст. Ин қасри бошукӯҳи дуошёна аз бинои марказӣ ва ду қанот иборат буда 8,5 метр баландӣ дорад. Толори асосии қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов дорои 600 ҷойи нишаст аст. Дар қасри фарҳанг доимо чорабиниҳои ҷашнӣ, мърифативу фарҳангӣ, маҷлисҳо, консерту намоишҳои театриву мусиқӣ гузаронида мешаванд. Инчунин, дар назди фарҳангсарой дастаҳои ҳаваскори бадеӣ машқ мегузаронанд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Ватанамонробоз ҳам шукуфон хоҳем кард//Тоҷикистон, 7 сентябри с. 2016