Қаҳрамон Иззатов

омўзгори фанни иқтисод, номзадии илмҳои иқтисод (2011)

Қаҳрамон Илҳомович Иззатов (10.06.1976, шаҳраки Гаровутии н. Колхозобод (Ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ) ) — омўзгори фанни иқтисод, номзадии илмҳои иқтисод (2011). Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2019).

Қаҳрамон Илҳомович Иззатов
Қаҳрамон Илҳомович Иззатов
Таърихи таваллуд 10 июн 1976(1976-06-10) (48 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисодиёт
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Қаҳрамон Илҳомович Иззатов хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1998). Фаъолиятро дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон соли 2000 ба ҳайси муаллими коромӯзи кафедраи «Менеҷмент ва маркетинг» оғоз намуда, ҳамзамон соли 2000 ба шуъбаи ғоибонаи донишкадаи зикршуда дохил шуда, соли 2004 онро хатм намудааст. Солҳои 2001-2011 дар вазифаҳои ассисент, муаллими калони кафедраи «Менеҷмент ва маркетинг», муовини мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, муовини декани факултаи таҳсилоти ғоибона, муовини декани факултаи «Иқтисодиёт ва молия» оид ба таълим ва сифати таҳсилот кор кардааст. Ичунин дар вазифаҳои муаллими калони кафедраи «Идораи давлатӣ ва маҳаллӣ», муаллими калони кафедраи «Менеҷменти иноватсионӣ»-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор карда, солҳои 2011-2013 дар вазифаи мудири кафедраи «Назарияи иқтисодӣ»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият намудааст. Рисолаи номзадиро дар мавзуи «Мукаммалгардонии системаи дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» ҳимоя намудааст (2011). Аз соли 2013 то ҳоло дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба ҳайси мудири кафедраи ҷомеашиносӣ фаъолият менамояд.

  • Проблеми развития сельско хозяйственного бизнеса. Д., 2008;
  • Государственное регулирование аграрного сектора и продавольственной безопасности. Д., 2009;
  • Эффективность государственного регулирования и поддержки сельского хозяйства Таджикистан в риночних условиях. Д., 2010.

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ