Қибла (ар. сӯй, ҷиҳат) - самтеро гӯянд, ки мусулмонон ҳангоми гузоридани намоз рӯйи худро ба он нигаронанд; ҳар макони муқаддасе, ки дар вақти парастиш ба он рӯ оваранд. Муҳаммад (с.а.с.) дар ибтидои тарғиботаш баробари ба дини ислом даъват намудани пайравони дини яҳудӣ ва масеҳият расму оини онҳоро низ қабул карда, Байтулмуқаддас (Уршалаим) Каъбаро қиблаи мусулмонон қарор дода буд. Баъди ҳиҷрат ба Мадина ӯ Иброҳимро асосгузори Каъба эълон намуд ва мусулмонон аз соли 2 ҳиҷрӣ сар карда рӯйи худро сӯйи Каъба нигаронида намоз мехондагӣ шуданд. Тамоми меҳробҳои масҷидҳои Тоҷикистон ҷониби Қибла нигаронида шудаанд. [1]

  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - С. 320

Нигаред низ

вироиш