Қисса
Қисса — яке аз навъҳои насри шифоҳии фолклори тоҷик мебошад, ки дар адабиёти хаттӣ низ мавқеъ дорад. Дар мундариҷаи он силсилаи ҳодисаҳои бофтаву таърихӣ ва саргузашту корнамоиҳои шахсони муътабари динию мазҳабӣ ва қаҳрамонҳои ормонии мардум дар замону макони муайян тасвир мегарданд. Дар байни мардуми тоҷик қиссаҳо аз рӯзгори паёмбарон, оид ба корнамоиҳои Амир Ҳамза, ҳазрати Алӣ, имом Ҳусайн, авлиёву малоик ва инчунин тасвири биҳишту дӯзах ҳикоят карда мешаванд, ки бегумон аз адабиёти динии китобӣ маншаъ гирифтаанд. Дар саросари кишвар фаъол аст.[1][2]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 64
- ↑ ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ (пайванди дастнорас)