Қиёмиддин Абдуллозода
Қиёмиддин Абдуллозода — нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2010)
Қиёмиддин Абдуллозода | |
Таърихи таваллуд: | 20 март 1949 (75 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Ваҳдат |
Навъи фаъолият: | нависанда |
Ҷоизаҳои адабӣ: | Ордени «Шараф» (1999), медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» (1982) |
Зиндагинома
вироишҚиёмиддин Абдуллозода 20 марти соли 1949 дар деҳаи Ғешии ҷамоати деҳоти Чорсӯйи ноҳияи Ваҳдат таваллуд шудааст. Соли 1966 мактаби миёнаи № 16 деҳа, соли 1972 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба итмом расондааст. Фаъолияти меҳнатиро соли 1972 аз омӯзгорӣ шурӯъ намуда, минбаъда дар вазифаҳои мудири бахши таълиму методисти шуъбаи маориф, инструктор ва котиби Кумитаи иҷроияи ноҳияи Кофарниҳон (ҳозира Ваҳдат), роҳбари дастгоҳи раиси шаҳру ноҳия, сармутахассиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат кор кардааст. Аз августи соли 2005 то 2014 муовини аввали раиси шаҳри Ваҳдат буд. Солҳои 1971, 1974-1978, 1980-1981 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон тарҷумонӣ кардааст.
Эҷодиёт
вироишАсосан осори публитсистӣ менависад, ки дар матбуоти даврӣ ва авроқи кутуби «Гули сари роҳ» (2005), «Ишқи кӯдакии ман» (2007), «Пас аз гузашти солҳо» (2009) ва «Хоки покат тӯтиё созам, Ватан!» (2012) интишор ёфтаанд.
Ҷоизаҳо
вироиш- Ордени «Шараф» (1999);
- Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» (1982).[1]
Сарчашма
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 22 ISBN 978-99947-2-379-9