Қолинбофӣ — яке аз ҳунарҳои анъанавии мардуми тоҷик аст. Он дар Эрон ва Чину Ҳиндустон низ маъмул буд. Таърихнигорон тахмин мекунанд, ки тақрибан ду ҳазор сол қабл дар ҳудуди Осиёи Марказӣ қолинҳо бофта мешудаанд. Онҳо дар аввал якранг ва бепат буданд ва маъмулан барои гарм нигоҳ доштани хонаҳо истифода мешуданд. Баъдан одамон қолинро бо нақшу нигор ва рангҳо ороста, барои ороиши хонаҳо ҳам ба кор мебурдагӣ шуданд.

ЭзоҳВироиш