Қонеъ
Қонеъ - аз аввалин шоирони садаи XVIII-и тоҷик мебошад, ки нахуст аз юайни суханварони Мовароуннаҳр ба сабки Бедилӣ шеър гуфтанро шурӯъ намуда буд. Номи пурра ва санаҳои ҳаёти шоир маълум нест. Зодгоҳи Қонеъ Насаф - Қаршии имрӯза буда дар ҷавонӣ ба Бухоро рафта, он ҷо илм меомӯзад ва шояд минбаъд дар ҳамон ҷо мемонад. Девони Қонеъ бо сабки Бедил иншо гардида, соли 1163/1750 тартиб дода шудааст.
Намуна аз ғазалиёт
вироишЧу офтоб бихезад насиби хастии мо
вироиш- Чу офтоб бихезад насиби хастии мо,
- Талоши шер набошад ба зурдастии мо.
- Кушод чашми хасад чарх бар карории ман,
- Ки барги лола надорад низоми пастии мо.
- Танам ба кучаи мехробу дил ба хонаи дайр,
- Пиёла ханда кунад бар худопарастии мо!
- Зи роҳи хар сари ту пои ох бикшодам,
- Намонд дидаи мо мулки тандурустии мо.
- Нишеби сели фигони хаводисам Конеъ,
- Бувад зи кӯҳ фаротар садои хастии мо.
Мазмуни ашъори шоир бофтаи хомаи тахайюли ӯст. шоир ҳангоми эҷоди ғазал мазмун ва маонии навро меофарад. Чунончи: Насиби хастии инсонҳо мисоли офтобест, ки ҳар субҳ барояд, яъне офаридгор ризқи бандаҳоро ба ҳангоми субҳ медиҳад ва ҳар ки саҳархез аст, дар талоши ризқу рӯзӣ қадаме фарохтар хоҳад гузошт.
Хатти сабзи ӯ иборат дод бар такрорҳо
вироиш- Хатти сабзи ӯ иборат дод бар такрорхо,
- Обу ранге меборад аз лаъли ӯ гуфторхо.
- Баски дар ёди узораш дил ба дог огушта шуд,
- Лолазоре менамояд сина бар асрорхо.
- Корфармои намояд чашми шухаш шеваро,
- Сар ба чои хишт аз хайрат нихад меъморхо.
- Риштаи ҷон то ба тори зулфи ӯ пайванд ёфт,
- Кандаам аз гардани худ риштаи зуннорхо.
- Сурати сарви кадаш дар хонаи тасвир нест,
- Аз такаллуф бартараф оинаи зангорхо.
Аз кашокаш дасти ман дар гардани мино шикаст
вироиш- Аз кашокаш дасти ман дар гардани мино шикаст,
- Рафти номуси талаб ништар ба пои мо шикаст.
- Аз канору буса махрумам зи харфи сарди хеш,
- Шишаву паймонаам аз лагжиши бечо шикаст.
- Бар умеди ваъдае хоби парешон дидаам,
- Ахд чун зулфаш магар он шухи бепарво шикаст.
- Ин сафоли синаам хун баста аз ғам реза шуд,
- Устохони тарки сарро магзи он савдо шикаст.
- Нашъаи Конеъ баланди кард, шайдо шуд магар,
- Чуби ғайрат бар сарам аз дасти хар гавго шикаст.