Қонунгузории вогузошта
Қонунгузории вогузошта — аз тарафи парламент ба мақомоти иҷроия (Президент, Ҳукумат) вогузор намуданн ваколатн қабули санади меъёрию ҳуқуқии дорои қувваи қонунӣ (дар Фаронса, Италия, Испания, Қазоқистон ва ғайра). Маъмулан дар ин мавридҳо аз тарафи парламент санади дахлдор қабул мегардад, ки дар он масъалаҳои вогузоршуда ва муҳлати чунин вогузорӣ нишон дода мешавад. Ҳамчунон дар баъзе мавридҳо парламент дар қонунҳо ваколати қабули санадҳоро ба тариқи қонунгузории вогузошта нишон медиҳад. Додани ваколати қабули санадҳои меъёрй-ҳуқуқӣ аз тарафи як мақоми иҷроия ба дигараш низ дар амалия мушоҳида мешавад. Масъалаҳое, ки мутобиқи Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти истисноии онҳоро ташкил медиҳанд, ба дигар мақом вогузор карда намешаванд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 251 - 252