Қорӣ Абдулмаҷиди Зуфунун

Қорӣ Абдулмаҷиди Зуфунун (? — 1903) — шоири тоҷик.

Қорӣ Абдулмаҷиди Зуфунун

Зиндагинома

вироиш

Яке аз шогирдони Аҳмади Дониш ва аз шахсиятҳои фозили замони худ буд. Аз илму дониши роиҷи замони худ — ҳадису фиқҳ, рамлу нуҷум ва ғайра огоҳ буд, аз ҳамин сабаб барои худ тахаллуси «Зуфунун»-ро баргузидааст. Ба қавли Садриддин Айнӣ, Зуфунун ба аҳли дарбор нафрат дошт ва барои ба доми онҳо науфтодан худро ба девонагӣ мезад. Ба забонҳои арабӣ ва туркии усмонӣ низ шеър гуфтааст.

Намунае аз ашъори ӯ:

Дур дор аз сар ғуруру пок аз дил кинаро,
Ҷилвагоҳи хештан кун дидаи оинаро!
Зуфунун, Фарҳод ҳам меканду ман ҳам меканам,
Ӯ ба теша Бесутунро, ман ба нохун синаро.

Адабиёт

вироиш