Қорӣ Абдулҳамиди Ибрат

Қорӣ Абдулҳамид, мутахаллис ба Ибрат (форсӣ: عبرت‎; ? — 1890) — шоири форс-тоҷик ва ҳофизи Қуръон.

Қорӣ Абдулҳамиди Ибрат

Зиндагинома

вироиш

Аз рӯи маълумоти «Тазкирату-ш-шуаро»-и Муҳтарам Ибрат дар растаи адрасфурӯшони Бухоро ба китобат машғул буд. Табъи хуш дошт ва бо аҳли фазл дар ҳамкорӣ буд.

Ғазали зер аз ӯст:

Бигзашт чу боди саҳар айёми шабобам,
Нодида аз иқлими хато роҳи савобам.
Бар тавсани беҷо қадами тунд равад умр,
Аз бими харобӣ ҳама дам по ба рикобам.
Дар бодияи бенаму бепову сари ишқ
Лабташна, ҷигарсӯхта ҷӯёни саробам.
Ибрат, зи тағофулкадаи абруи шӯхаш
Чун моҳии бисмилшуда андар табу тобам.

Адабиёт

вироиш