Қорӣ Аҳмад Аҳмадӣ
Қорӣ Аҳмад Аҳмадӣ (? — 1896) — қории Қуръон ва шоири тоҷик.
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишДар сарчашмаҳои адабии садаи XIX (масалан «Тазкирату-ш-шуаро»-и Муҳтарам) аз ӯ чун шоири дорои табъи баланд, фасеҳбаён ёд шудааст. Қории Қуръон будааст.
Абёти зерин аз ӯст:
Дӯш ман дар хоби худ дидам бути ҷононае,
Пеши шамъи рӯйи ӯ сад ҳамчу ман парвонае.
Ӯ ба чандин нозу истиғно ба чашмам нуктасанҷ,
Ман ба рӯяш гашта маҳв аз хештан бегонае.
Гуфтам: «Эй маҳрӯ, накардӣ як раҳе бар ман гузар»,
Гуфт: «Ҳастӣ ту магар девона, ман фарзонае».
Гуфтам: «Эй гул, Аҳмадиро дар бари худ бор деҳ»,
Гуфт: «Ҳаст аз чашму холам бо ту обу донае».
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Аҳмадӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Тазкират-уш-шуарои Муҳтарам. Д., 1975.