Қорӣ Каромати Дилкаш

Қорӣ Каромати Дилкаш (1851—1905) — мусиқидон, танбӯрӣ ва шоири тоҷик.

Қорӣ Каромати Дилкаш
Таърихи таваллуд 1851
Таърихи даргузашт 1905
Пеша(ҳо) мусиқидон, шоир

Зиндагинома

вироиш

Дилкаш дар шеъру мусиқӣ шогирди Аҳмади Дониш аст. Дар аҳди Аҳмад-махдум ва баьд аз он ба ҳурмат зиндагонӣ мекард. Марди озодалибос, нозукмизоҷ ва ҳуртабиат буд. Мардуми Бухоро бинобар камоли таваққуфаш дар мусиқӣ нози ӯро ба ҷои ниёз қабул карда, ба хурсандии хотираш мекӯшиданд.

Амир Абдулаҳадро ба тарзи ҳаёти Дилкаш рашк омада, вайро мулозими рикоб карда, аз зиндагонии озодонааш маҳрум сохт. Бечора Дикаш соле ба хориву зории дарбори амир базърӣ муқовамат намуда, оқибат ба бемории силӣ гирифтор омада, вафот ёфт. Тазкиранависони муосираш мисли Афзал ва Муҳтарам мумоилайҳиро «бинобар худписандиаш аз умр бархурдор нашуда мурд» гуфта қайд кардаанд (барои хушомади амир).

Адабиёт

вироиш
  • Садриддин Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик, Д., 2010.