Сайид Алӣ ибни Ҳорун Қосимуланвор маъруф ба Қосими Анвор (форсӣ: قاسم انوار‎‎, 1356, Табрез1434) — яке аз шоирони маъруфи форс-тоҷик.

Қосими Анвор
Таърихи таваллуд: 1356
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1434
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Забони осор: озарбойҷонӣ

Зиндагинома

вироиш

Қосими Анвор соли 1355 (757 ҳиҷрӣ) дар Сароб ном мавзеи Табрез ба дунё омада ва пас дар Ҳирот зиндагӣ ихтиер мекунад.

Хукмрони Ҳирот Шохрух (солҳои 1409—1447 мелоди) Косимро ба сабаби баъзе ихтилофҳои мазҳаби аз мамлакат берун мекунад. Шоир ба Самарканд омада, муддате дар ин шаҳр умр ба сар мебарад ва дар охир аз Самарканд ба Чом кучида, то охири умр дар он сарзамин зиндагӣ мекунад ва соли 1433 (837 ҳиҷрӣ) дар мавзеи Харҷарди вилояти Чом аз дуне чашм мепушад.

Аз осори шоир як девони мураттаб, ки иборат аз газал, тарчеъбанд, мукаттаот, рубоиет ва маснавихост, то замони мо расидааст. Маснавии машҳуртарини шоир, ки аз 507 байт иборат аст Анисулошикин ном дошта, арзиши баланди адаби дорад.

Аз ғазалиет

вироиш

Гиребон медарам хар дам, ки домон, дармакаш аз мо,
Ки мо муштоки дидорему ринду ошику шайдо.
Ба чашми масти майгунат, бигу, эй турки ягмои,
Ки охир чист максудат зи чандин горати дилхо
Аз он хуршеди рухсорат саводи зулф як су кун,
Ки муштокон ба рӯз оянд аз торикии шабхо.
Чунон дар ишқ якруем, ки гар тегам равад бар сар,
Ба рӯзи имтихон бошам чу шамъ истода побарчо.
Зи сар то по ҳама ҷонам, ки гарки ишқи ҷононам,
Хама ишқ аст арконам, зи сар то по, зи сар то по.
Зи зулфат дил парешон аст гуфтам, гуфт: «Ошикро
Шароби лаъл мебояд илочи иллати савдо».

Аз рубоиёт

вироиш

Ман бандаи руйи туам, эй бодапарст,
В-аз наргиси махмури ту ҷонам шуда маст,
Чун партави дидори ту зохир гардад,
Моро ба сари куйи ту як ҳай-ҳай аст.