Қосими Машҳадӣ
Мирзо Муҳаммад Қосими Машҳадӣ, маъруф ба Қосими Девона (дарг. 1672) — шоири форсизабон дар сабки ҳиндӣ аст, аз шогирдони Соиби Табрезӣ.[1]
Таърихи даргузашт: | 1672 |
---|
Зиндагинома
вироишДар бораи ҳаёти ӯ маълумоти зиёде мавҷуд нест ва аз ӯ танҳо дар «Тазкира»-и Насрободӣ ба таври мухтасар ёд шудааст.[2][3][4]
Тамоми осори Мулоқосим дар китобе таҳти унвони «Девони Қосими Девона» аз доктор Меҳрдоди Нусратӣ тасҳеҳ, муқаддиманависӣ, шарҳ ва нақд шудааст. Дар ин тасҳеҳ, Девон панҷ бахш дорад: 1. Хонаи сухан (ғазал) 2. Силсилаи шӯъла (ғазалвараҳо) 3. Бали нигоҳ (рубоӣ) 4. шогирди хомӯшӣ (дубайтиҳо) 5. Новаки Ах (муфрадот).
Намунаи шеър
вироишБоз муштоқи туро бӯса ба пайғом афтод,
Гуфтугӯҳои забоне ба лаби бом афтод. Мурғи дил буд муқими сари куият умре, Кард парвоз ҳамон рӯз, ки дар дом афтод. Сӯии ман кард назар, ман ҳама тан чашм шудам, Ҳамчу дебо, ки бару равғани бодом афтод. |
Баски бо суръат зи ман умри табоҳам бугзарад,
Гард бархезад зи ҳар ҷо солу моҳам бугзарад. Аз адам меоем инак бо ҳазорон орзу, Эй фалак паҳлу туҳи кун то сипоҳам бугзарад. |