Қувваи бозгашти қонун
Қувваи бозгашти қонун – амали қонун ба ҳолатҳое (муносибатҳое), ки то мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур мавҷуд буданд. Чун қоида, қонун набояд қувваи бозгашт дошта бошад, ба муносибатҳое, ки дар вақти амали қонун ҷой доранд, татбиқ гардад. Ба тариқи истисно, ба қонунҳо баъзан қувваи бозгашт дода мешавад, ки он дар худи қонун ва ё дар санади мавриди амал қарор додани он пешбинй мегардад. Чун қоида, агар қонуни нав кирдорро (ҳуқуқвайронкуниро) бартараф намояд, ҷазоро сабук ё ба тариқи дигар вазъи шахси кирдорсодиркардаро сабук намояд, қувваи бозгашт дорад. Қонуне, ки ҳуқуқвайронкунй будани кирдорро муқаррар менамояд, ҷазоро пурзӯр мекунад ё ба тариқи дигар вазъи шахсеро, ки ин кирдорро содир кардааст, бадтар месозад, кувваи бозгашт надорад (моддаи 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 13 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 45) қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андоздиҳандаро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 259