Қувваи олии ҳуқуқӣ — хосияти санадҳои конститутсионӣ, ки аз мавқеи онҳо дар қатори санадҳои ҳуқуқии давлат бармеояд ва волоияти онҳоро нисбат ба дигар санадҳои меъёрӣ ифода мекунад. Қувваи олии ҳуқуқии санади ҳуқуқӣ ба меъёрҳои он мувофиқ гардонидани ҳамаи дигар санадҳои меъёриро мефаҳмонад.

Масалан, мувофиқи моддаи 12 Конститутсияи Қирғизистон соли 1993 «Конститутсия қувваи олии ҳуқуқӣ дорад ва дар Ҷумҳурии Қирғизистон бевосита амал мекунад. Дар асосн Конситутсия қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ қабул карда мешавад». Дар конститутсияҳо усули хилофи он амал накардани ҳамаи санадҳои ҳуқуқии дигар муқаррар карда мешавад.

Масалан, мувофиқи моддаи 7 Конститутсияи Молдова

«Ҳеч ягон қонун ё дигар санади ҳуқуқи, ки хилофи ҳолатҳои Конститутсия мебошад, қувваи ҳуқуқӣ надорад»

. Чунин меъёр дар моддаи 97 Конститутсияи Япония соли 1947 низ ҷой дорад [1]

Нигаред низ

вироиш

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 259