Қулмаҳмад Элназаров

(Тағйири масир аз Қулмамад Элназаров)

Қулмамад Элназаров (26 марти 1906, деҳаи Емс, ноҳияи Рӯшон, ВАКБ — 17 октябри 1976, , ҳамон ҷо) — овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1965).

Қулмамад Элназаров
Таърихи таваллуд 26 март 1906(1906-03-26)
Зодгоҳ деҳаи Емс, ноҳияи Рӯшон
Таърихи даргузашт 17 октябр 1976(1976-10-17) (70 сол)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Рӯшон
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1965)

Зиндагинома

вироиш

Мактаби партиявию советии шаҳри Хоруғро соли 1933 тамом карда, дар вазифаҳои ҳизбию давлатӣ фаъолият доштааст. Солҳои 1942—1972 дар муассисаҳои мадании ноҳияи Рӯшон ба сифати мудири шӯъбаи маданият, директори Хонаи маданият, мудири клуб, роҳбари бадеии дастаи ҳаваскорони санъат заҳмат кашидааст. Асбобҳои мусиқии миллиро хуб менавохт, барномааш аз суруду таронаҳои халқию классикӣ ва муосир иборат буд, оҳангҳои дилпазир зиёд эҷод намудааст. «Фалаки Помир», «Ошиқам», «Меҳнат шараф аст», «Ба доҳӣ», «Гул бе рухи ёр», «Давлати шӯро зиёд», «Муборак бошад», «Ватанам», «Зиндагӣ», «Боди шӯрта», «Афсона нест», «Шаҳри ман» барин сурудҳояшро ҳоло овозхонони маҳалӣ ҳамчун ёдгоре аз ин санъаткори номӣ замзама менамоянд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.