Хуросон (деҳа, н. Файзобод)
(Тағйири масир аз Қулобод)
Қулобод (ҳозира Хуросон) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 13 км. Аҳолиаш 416 нафар (2010), тоҷикон. Аз 52 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа мағозаи хусусӣ, чойхонаи ҷамъиятӣ, 7 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз канали Меҳробод обёрӣ мешаванд.[1]
Пайвандҳо
вироиш- Табдили номи 14 деҳа дар ноҳияи Файзобод Бойгонӣ шудааст 10 августи 2015 сол.
Эзоҳ
вироиш- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.