Қурбоналии Нойӣ (?, Миёнколот — 1630, Бухоро) — мусиқидон, навозанда, хонанда ва шоири форс-тоҷик.

Қурбоналии Нойӣ
Қурбоналии Ноӣ
Зодгоҳ Миёнколот, вилояти Бухоро
Таърихи даргузашт 1630(1630)
Пеша(ҳо) сароянда, навозанда

Зиндагинома

вироиш

Мусиқиро аз падараш, ки шоиру ҳунарманд буд, омӯхта, назди устодони созу овоз Кавкабии Бухороӣ, Мираки Маҷӯҳии Бухороӣ ҳунари сознавозӣ, асосҳои назари мусиқиро фаро мегирад. Қурбоналии Ноаз Хоҷа Ҷаъфари Қонунӣ, Устод Амир Алиакбари Қонунӣ, Мавлоно Абӯлҳасани Самарқандӣ низ дарси ҳунар андӯхта, дар шаклу анвои шеърию мусиқии «савт», «амал», «қавл», «нақш», «рехта» ва ғ. таснифоти рангин сохта, махсусан «Куллиёт ба мақоми Рост» (тазмин ба Кавкабии Бухороӣ), «Нақши нолаи най», «Амали оташи ишқ», «Қавли шавқи ситези маҳбуба», «Пешрави ной», «Рехтаи Рост» назди устодону ромишгарони Бухорою Самарқанд, Марв, Миёнколот шуҳрати зиёд доштаанд. Қурбоналии Ночанд муддат ба сифати мутриб дар хидмати Имомқулихони Аштархонӣ (1611—1643) будааст. Табъи хуби шоирӣ дошта, ғазалу рубоӣ, қитъа, соқиномаро некӯ месурудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — С. 114. — ISBN 978-99947-49-13-3.