Қурбоналӣ Абдураҳимзода

(Тағйири масир аз Қурбоналӣ Бӯриев)

Қурбоналӣ Бӯризода (Абдураҳимзода Қурбонали Бозор[1] то 2020 Бӯриев Қурбоналӣ Бозорович; 20 ноябри 1964, ноҳияи Ленин, ҶШС Тоҷикистон) — китобшиноси тоҷик, номзади илмҳои таърих, дотсент, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2018).

Буризода Курбонали Бозор
Бӯриев Қурбоналӣ Бозорович
Таърихи таваллуд: 20 ноябр 1964(1964-11-20) (55 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ленин, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: китобшиносӣ, таърих
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ: дотсент
Роҳбари илмӣ: Нуъмон Неъматов
Ҷоизаҳо: Медали «Хидмати Шоиста»
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аълочии маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аълочии матбуоти Чумхурии Тоҷикистон

ЗиндагиномаВироиш

Қурбоналӣ Бӯриев 20 ноябри соли 1964 дар ноҳияи Ленин Ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 1982 ба факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуд, аммо ба саффи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС даъват мегардад ва баъди адои он (1983—1985) ба таври гузариш таҳсилро дар Донишкадаи даватии маданияти Маскав идома дода, онро соли 1988 ба поин меоварад.

Фаъолияти корӣВироиш

Фаъолияти кориашро ба сифати омӯзгори кафедраи библиографишиносии факултаи Китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ҳамон сол шурӯъ шуд, солҳои 1993—1997 унвонҷӯи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон буд, 1997—2001 ба ҳайси мудири шӯъбаи Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ ифои вазифа карда, 2001—2008 дар ташкилоти ғайридавлатии башардӯстонаи КАРЕ интернейшл хидмат намуд.

Дар солҳои 2009—2015 директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот буд. Аз июни соли 2015 директори генералии «Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Аз 18 июни соли 2020 ба вазифаи муовини фарханги Чумхурии Тоҷикистон таъйин гардидааст.

Фаъолияти илмӣВироиш

Қурбоналӣ Бӯризода перомуни пайдоиши иттилооти библиографӣ дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ, фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон, сарчашмаҳои соҳаи китобдорӣ, таърихи китобу китобхонаҳо, библиографияи тоҷик дар давраи Сомониён ва ба баъд, ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи китобдорӣ ва тарбияи кадрҳо, таърихи сарчашмашиносии форсӣ-тоҷикии библиографӣ ва ғайра пажӯҳиш мебарад.

Вале таваҷҷӯҳи асосии тадқиқотии ӯро масоили библиографияи кишоварзии миллӣ ва таърихи библиографияи тоҷик маҳтуф доштааст. Рисолаи илмӣ-таҳқиқотиаш «Заминаҳои пайдоиш ва рушди библиографияи кишоварзӣ» таҳти назари академик Нуъмон Неъматов соли 2000 ба табъ расид. Қурбоналӣ Бӯризода масоили пайдоиши аломатҳои тасвири библиографиро дар осори ниёгон таҳқиқ намуда, оид ба истифодаи иқтибос ва истинодҳо дар рисолаҳои кишоварзӣ, феҳристҳои китобхона, нишондиҳандаҳои алоҳида ва инъикоси адабиёти кишоварзӣ дар онҳо маълумоти зиёд гирдоварӣ намуда, хулоса баровардааст, ки библиографияи кишоварзӣ то пайдоиши назарияи он васеъ истифода шудааст.

Рисолаи дигари Қурбоналӣ Бӯризода «Таърихи кишоварзии Тоҷикистон дар асоси сарчашмаҳои хаттӣ» (соли 2002) дар асоси маводи таърихии халқи тоҷик, дастхатҳои соҳавӣ ва асарҳои илмии олимони таърихшинос ва кишоварз офарида шуда, дар он таърихи соҳаи кишоварзӣ аз замони пайдоиш то кунун инъикос меёбад.

Дар рисолаи «Библиография дар аҳди Сомониён» (соли 1999) таърихи мухтасари мавҷудияти библиографияи он аҳд бо таҳлили сарчашмаҳои илмӣ, адабӣ, таърихӣ, фалсафӣ, тиббӣ, шарҳиҳолӣ, библиографии мансуби замон бо далелҳои мушаххас баррасӣ гардидааст, дар бораи қадамҳои аввалини табақабандии илм ва ҳамзамон шаклу намудҳои гуногуни мавҷудияти дастурҳои библиографии аҳди Сомониён хулоса ва пешниҳодҳои ҷолиб пешкаши хонанда гардидааст.

Қурбоналӣ Бӯризода ҳамчун китобшинос, таърихнигор ва фарҳангшинос перомуни ҳаёту фаъолияти як идда китобшиносони маъруфи ҷумҳурӣ очерку лавҳа ва мақолаҳо навиштааст, дар мавриди ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Русия, Қазоқистон, Узбакистон силсилаи мақолаҳо аз даст баровардааст.

Нишону ҷоизаҳоВироиш

  • Медали «Хидмати Шоиста» (2016)
  • Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012)
  • Аълочии маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015)
  • Аълочии матбуоти Чумхурии Тоҷикистон (2018)

ОсорВироиш

  • Библиография дар аҳди Сомониён [Матн]. — Душанбе, 1999. — 27 с.
  • Библиографияи кишоварзии тоҷик [Матн]: Мавод барои омӯзиши фан. — Душанбе, 2011.-160 с.
  • Таърихи библиографияи кишоварзӣ [Матн]: Монография. — Душанбе, 2011. — 176 с.
  • Возникновение и развитие сельскохозяйственной библиографии [Текст]: Монография. — Душанбе, 2000. −104 с.
  • История возникновения и развития сельскохозяйственной библиографии [Текст]. — Душанбе, 2010.-128 с.
  • История сельского хозяйства Таджикистана (на основе рукописного наследия) [Текст]. — Душанбе, 2002. — 167 с.
  • История таджикской библиографии [Текст]. — Душанбе: Ирфон, 2014. — 176 с.
  • Таърихи библиографияи тоҷик [Текст]. — Душанбе: Ирфон, 2017. — 260 с.

ЭзоҳВироиш

  1. Абдураҳимзода Қурбонали Бозор. www.vfarhang.tj. 18 августи 2020 санҷида шуд.