Қурбон Тоҳирович Хоҷаев — омӯзгор, дктори илмҳои педагогӣ, профессор. Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қурбон Хоҷаев
Қурбон Тоҳирович Хоҷаев
Таърихи таваллуд 7 сентябр 1947(1947-09-07) (77 сол)
Зодгоҳ деҳаи Ҳафтқадӣ н. Ваҳдат
Фазои илмӣ олим,омӯзгор

Зиндагинома

вироиш

Қурбон Хоҷаев дар деҳаи Ҳафтқадӣ, хоҷагии ба номи Карим Исмоилови ноҳияи Ваҳдат ба дунё омадааст. Соли 1965 мактаби миёнаро дар ноҳияи Ваҳдат хатм кардааст. Соли 1970 шуъбаи рӯзонаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба итмом расонидааст. Солҳои 1971—1973 мудири шуъбаи адабӣ-драмавии театри академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ. Солҳои 1973—1980 муаллими мактабҳои миёна(52, 43)-и ш. Душанбе, 1981-83 методисти кабинети методии республикавӣ, 1983—1990 ходими пешбари ИТИИПТ ва аз соли 1991 то соли 2013 ба ҳайси мудири кафедраи адаб ва фарҳанги Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст. Айни ҳол дар мақоми профессори кафедраи мазкур адои вазифа менамояд.

Фаъолитяти илмӣ

вироиш

Рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Таълими асарҳои лирикӣ дар мактабҳои миёна» 23-юми феврали соли 1989 дар Маскав дифоъ намудааст. Соли 2006 дар мавзӯи Афкори педагогии мутафаккирони халқи тоҷик дар асри Х1 рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогиро мушарраф гардидааст. Муаллифи китобҳои дарсии Адабиёти тоҷик барои синфи 6 (1986;1990, 1994, 2010); Адабиёти тоҷик барои синфи 8 (литсейҳои туркӣ-тоҷикӣ); Барнома ва китоби «Суханварӣ» барои синфҳои 10, 11 (1997); «Суханварӣ» барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ (соли 2013); Таълими асарҳои манзум дар синфҳои 5-7 мактабҳои миёна (соли 1987); Методикаи таълими адабиёти тоҷик (1989), рисолаҳои илмӣ-тадқиқотии «Афкори педагогии мутафаккирони халқи тоҷик дар асри XI» (2004); «Педагогические взгляды Унсурмаали Кайковуса и Носира Хусрава» (ба забони русӣ, соли 2009) мебошад. Ӯ муаллифи беш аз 130 мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва дастурҳои муфиди таълимист.

Ҷоизаҳо

вироиш

Дорандаи Ордени ба номи Н. К. Крупская, Медали ба номи Б. Ғафуров, Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Адабиёт

вироиш
  • Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. — Душанбе, 2008

Пайвандҳо

вироиш

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 17 сентябри 2014  сол.