Қутбманор

ёдгории даврони Ғуриён дар Деҳлӣ

ҚутбманорҚутубминор, ҳиндӣ: क़ुतुब मीनार) — маҷмаъаи ёдгориҳои меъмории замони Ғуриён ва Хилҷиён дар маҳаллаи Меҳравлии Деҳлӣ.

Парчами ЮНЕСКО Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, № 233
рус.ингл.фр.
Ёдмон
Қутбманор
Кишвар
Макон Деҳлӣ
Сабки меъморӣ меъмории исломӣ
Баландӣ 72,5 м[1]
Мавод red sandstone[d][1]
Вебгоҳ delhitourism.gov.in/delh…
 Парвандаҳо дар Викианбор

Мушаххасот

вироиш

Аз чанд бахш иборат аст:

Қувватулислом

вироиш

аввалин масҷиди ҷомеъ дар Деҳлӣ, осори таърихии замони Ғуриён, рамзи пирӯзии Шиҳобуддини Ғурӣ дар набарди дуввуми Тарайн (1192) ва шикасти Притҳвираҷи III. Масҷид дар болои харобаҳои ибодатхона бунё шуд (1192–1198). Дар бунёди он масолеҳи сохтмони 27 ибодатхона истифода гардид. Тарҳаш росткунҷа (65,2 х 45,4 м), 13 гунбад, чор саҳн ва минбари сангӣ дорад. Сангҳои девор, сақф ва фарши масҷид ба василаи қалъагӣ ба ҳам васл шудаанд. Сақфи толорҳо дар рӯи сутунҳо қарор доранд. Чун сутунҳои ибодатгоҳ барои бунёди фазои бозу бошукӯҳ кӯтоҳ буданд, ду ё се сутун дар бинои масҷид рӯи ҳам васл шуданд. Дар баъзе сутунҳо осори меъмории қадими ҳиндувон (тасвири гули садра, илоҳа ва ғ.) мушоҳида мешавад. Соли 1198 бо дастури Қутбуддини Ойбек атрофи шабистони масҷид бо девори истеҳкомӣ иҳота гардид. Ин девор шомили тоқи баланду паҳн аст, ки дар ду тарафаш чанд ҷуфт тоқи хурдтар дорад. Дар замони Илтутмиш толори намозхона ба андозаи се тоқ васеъ гардид. То ҳол харобаи сутун, роҳрав, катиба ва тоқҳои қисми ғарбии масҷид побарҷо аст.

Қубтманор

вироиш

баландтарин бурҷи хиштӣ дар ҷаҳон (72,5 м), намунаи барҷастаи осори меъмории замони Ғуриён дар Ҳинд, рамзи қудрат ва бақои номи шоҳон. Мувофиқи баъзе маълумот манор ба шарафи хоҷа Қутбуддин Бахтёри Кокӣ Қ. номгузорӣ шуда буд. Дар қисми ҷанубу шарқи саҳни масҷиди Қуваттулислом қарор дорад. Манор чун ҷузъи таркибии Қувватулислом бояд барои гуфтани азон истифода мешуд, аммо ба сабаби баландии он муаззин аз болои боми масҷид мардумро ба намоз даъват мекард. Тарҳи манор сабки меъмории бурҷи Ҷом ва Сиёҳпӯш (дар Нимрӯз) шабоҳат дорад. Дар сохтмони манора аз сангҳои мунаққаши сурх ва мармари сафед истифода гардид. Қутри поя 13,7 м ва бахши болои бурҷ 3 м. Аз 5 табақа иборат аст. Дар байни ҳар ду табақа айвони мудаввар чун камарбанд манорро устувор нигоҳ медоранд. Табақаҳо катиба ва ороишу нақши гуногун доранд. Сохтмони табақаи аввал дар замони Қутбуддин Ойбек анҷом ёфта, якдармиён нимсутунҳои теғадору мудаввар дорад. Дар катибаи ин бахш илова бар оёти Қуръон аз Қутбуддини Ойбек ба унвони «мир, сипаҳсолори бузуругу олишаън» ва Муиззуддин Муҳаммади Ғурӣ ба номи «Искандари Сонӣ» ёд мешавад. Сохтмони табақаи дуввум, сеюм ва чаҳорум то замони ҳукумати Илтутмиш (1230) идома ёфт. Атрофи табақаи дуввум барҷастагиҳои муддавар дорад. Табақаи сеюм ситорашакл ва табақаи чаҳоруму панҷум гирду устувонашкл аст. Дар навиштаҷоти табақаҳои дигар номи шоҳон (Илтутмиш, Искандари Лудӣ, Фирӯзшоҳи Туғлуқ) ва оёти Қуръон ҳакоккӣ шудааст. Даромадгоҳи дохили манор (аз шимол) 379 зина дорад. Манор чанд бор зери таъсири раъду барқ хароб гардид. Бори аввал табақаи чорум дар замони Фирӯзшоҳи Туғлуқ тармиму бозсозӣ ва ба ду бахши алоҳида тақсим шуд (1369). Соли 1503 Искандари Лудӣ баъзе бахшҳои манорро таъмир кард. Соли 1803 куполи манор хароб шуд. Соли 1829 зери роҳбарии Роберт Смит купол ва намои болои манор тармим гардид. Аммо матни катиба болои дар ва баъзе қитъоти сангҳо нишон медиҳад, ки меъморони англис ба услуби қадими меъмории манор чандон ошно набуданд. Соли 1981 зиёда 45 нафар дар роҳрави манор ҷон доданд ва воридшавии одамон ба дохили бино манъ гардид. Соли 1993 дар рӯйхатти Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шуд.

Сутуни филлизӣ

вироиш

ёдгории замони гуптҳо дар саҳни масҷиди Қувватулислом. Аз оҳан ва унсурҳои дигари химиявӣ (силитсий, карбон, ) таркиб ёфта, то ҳол вазн (6511 кг), андоза (тӯл 7,2 м, 93 см-аш дар дохили хок) ва ранги худро нигоҳ медорад. Дар мавриди сутун ду фарзия аст: 1) сутун ба увони рамзи эҳтиром ба Вишну дар назди ибодатгоҳи ӯ насб шуда буд. Баъди хароб шудани маъбади Вишну сутун ҳамчунон дар назди масҷид боқӣ монд. Эҳтимол ин дар болои ин сутун муҷассамаи илоҳа Горудо насб мешуд 2) Шояд сутан дар замони ҳукумати Анангполи II (1051–81) аз макони дигар ба Деҳлӣ интиқол ёфта буд. Сутун нишони ҳунари олии оҳангарони ҳинду аст. Мувофиқи бовари омиёна агар одамон дасти худро аз пӯшт дар атрофи сутун ҳалқа намоянд, хушбахт мешавад.

Мақбараи Илтутмиш

вироиш

ёдгори таърихӣ (бунёд 1235) дар шимолу ғарби масҷиди Қувват-ул-ислом. Қисми поинаш росткунҷа ва болояш мудаввар. Сақфаш гумбази хишт, вале бо мурури замон хароб шуд. Дар замони Фирӯзшоҳи Туғлуқ Тибқи гумбаз бозсозӣ шуд, вале дубора фурӯ рафт. Аз се тараф даромадгоҳ дорад. Дар даромадгоҳи ғарбии бино се тоқи мушоҳида мешавад. Намои дохилию берунии мақбара бо сангҳои сурх кошикорӣ шудааст. Ба ҷуз аз фаршу девори ғарбӣ бахшҳои дигари бино навиштаҷот (оёти Қуръон, хатти насх ва куфӣ) доранд.

Дарвозаи Алоӣ

вироиш

даромадгоҳи ҷануби масҷиди Қувватулислом, ки тибқи дастури Алоуддини Хилҷӣ (1296–1316) бо мақсади тавсеаи бинои масҷид бунёд гардид (1311). Аввалин иншоотест (тӯл 17,2 м), ки комилан услуби меъмории исломӣ дорад. Дар тоқи ғарбии дарвоза ном ва хадамоти Алоуддини Хилҷӣ бо хатти арабӣ ҳакоккӣ шудааст.

Алоиманор

вироиш

бурҷи рамзӣ дар маҷмааи ёдгориҳои Қутбманор Алоиманор бояд ба поси хотири пирӯзиҳои Алоуддини Хилҷӣ дар Дакан сохта мешуд, ки нисбат ба Қ. ду баробар баланд бошад. Аммо пас аз фавти султон сохтмони бурҷ нотамом монд. То ҳол пойдевор ва қабати якуми манор (баландӣ 24,5 м) побарҷо аст. Дар харобаҳои ёдгорӣ таркишҳои нопурраи сангӣ ба бурҷ ҳусни дигар мебахшанд.

Мадрасаи Алоӣ

вироиш

маркази таълимӣ дар шарқу ғарби масҷиди Қувватулислом. Соли 1315 бо дастури Алоуддини Хилҷӣ сохта шуд. Яке аз чаҳор харобаи мадрасаҳое, ки пеш аз истилои муғул дар Ҳинд машҳур буданд. Тарҳаш ба ҳарфи «Г» монанд ва саҳнаш росткунҷа аст. Даромадгоҳаш аз шимол. Ду гумбази калон ва 7 ҳуҷра дорад. Оромгоҳи Алоуддин дар як ҳучраи ҷанубии мадраса ҷойгир аст.

Мақбараи Имом Зомин

вироиш

оромгоҳи руҳонии ислом ва намояндаи тариқати чиштия Муҳаммад Алӣ (фавт 1539) дар шарқи дарвозаи Алоӣ. Муҳаммад Алӣ дар замони Искандари Лудӣ аз Мовароуннаҳр ба Ҳинд кӯч баста, чанд муддат имоми масҷиди Қувватулислом буд. Мақбара дар замони ҳукумати Ҳумоён бар асоси сабки меъмории аҳди Лудиён бунёд гардид (1537–38). Тарҳаш роскунҷа (7,3х7,3 м). Сақфаш дар болои 12 сутун ва чанд панҷара қарор дорад. Гунбази мақбара сангӣ ва мудаввар аст. Намои дохил ва беруни мақбара бо мармар ороиш ёфтааст.

Адабиёт

вироиш
  • Дели / Н. Н. Алексеева, Е. М. Гороховик, О. П. Дешпанде, Н. Р. Лидова, А. Л. Сафронова // Григорьев — Динамика. — М. : Большая российская энциклопедия, 2007. — С. 469. — (Большая российская энциклопедия : [в 35 т.] / гл. ред. Ю. С. Осипов ; 2004—2017, т. 8). — ISBN 978-5-85270-338-5.
  • سفرنامۀ ابن بطوطه. جلد. دوم. تهران،۱۳۷٠ ش.
  • Qutb minar. New Delhi. 2002

Пайвандҳо

вироиш