Ҳабиба Содиқова (Усмонова) (Тав. 27.11.1938, ш. Сталинобод (ҳоло – Душанбе) — омӯзгор. Дорандаи медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И. Ленин», «Ветерани меҳнат», нишони «Зарбдори меҳнати сотсиалистӣ».

Ҳабиба Содиқова
Ҳабиба (Усмонова) Содиқова
Таърихи таваллуд 27 ноябр 1938(1938-11-27)
Зодгоҳ ДушанбеҶШС Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Ҳабиба Содиқова дар фак. химия ва биол. ИПД ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло – ДДОТ ба номи С. Айнӣ) таҳсил кардааст (1959–1963). Омӯзгор-мураббияи Интернат-санаторияи н. Ленин (ҳоло – Рӯдакӣ, 1963–69), муаллими синфҳои ибтидоии мак. миёнаи № 53 ш. Душанбе (1963–1997). Муаллифи якчанд дастуру барномаҳои таълимӣ. Хидмати бисёрсолаи бенуқсаш дар тарбияи насли наврас бо медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И. Ленин», «Ветерани меҳнат», нишони «Зарбдори меҳнати сотсиалистӣ» ва бисёр Грам. Фахрии соҳавӣ қадр карда шудааст. Аз соли 1996 – бознишаста[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6