Ҳавзак-ҳавзак
Ҳавзак -ҳавзак
Як навъ бозиест, ки онро калонсолон бо мақсади хушҳол кардан бо кӯдакони хурдсол мебозанд. Дар хона падар, модар, модаркалон ё яке аз аъзои оила кафи дасти кӯдаки 1-2 соларо боз намуда, ангушти ишоратиашро дар кафи кӯдак чарх занонида, таронаи «Ҳавзак»-ро мехонад ва ангуштакони ӯро ба кафаш як-як қат кардан мегирад. “Ҳавзак, ҳавзак, гирдакош сабзак. Ору биёд, об хӯрад, Оҳу биёд, об хӯрад...”. Чун навбат ба ангушти хурдӣ расид, падар номи кӯдакро гирифта, бо овози баландтар: «Эй ба ин майдаҳак шӯрбо нарасид» - гӯён дасташро ба ҳаво бардошта, «Ҳӯ-лӯ-лӯ, барги каду», «Ҳӯ-лӯ-лӯ, барги каду» – гӯён ҳамин ибораро се бор такрор мекунад. Кӯдак аз ин ҳолат завқ бурда механдад. Дар Саросари кишвар нимфаъол аст.[1]
Адабиёт
вироиш1. Андреев М.С. Вещие сны, несколько примет и детская игра “Сорока-ворона” среди некоторых народов, главным образом Средней Азии // Известия главного средне-азиатского музея. Ташкент, 1923;
2. Шермуҳаммадов Б. Назми халқии бачагонаи тоҷик. Д., 1973.
3. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Д., Ҷ.2, 2016.
Нигаред
вироишМанобеъ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 200