Ҳоитӣ

кишвар дар Амрикои Шимолӣ
(Тағйири масир аз Ҳаити)

Гаити, Ҳоитӣ, Ҷумҳурии Ҳоитӣ (фр. République d'Haïti [a.iti]), Гаити — давлат дар гурӯҳи ҷазираҳои Антили Калон дар баҳри Кариб. Қисми ғарбии ҷазираи Гаити ва чандин ҷазираи хурд — Гонав, Тортюро дар бар мегирад. Тӯли сарҳадди хушкиаш — 360 км. Дар шимол бо уқёнуси Атлантик, дар ҷануб бо баҳри Кариб, дар шарқ бо Республикаи Доминикан ҳамсарҳад аст, дар ғарб гулӯгоҳи Наветренний Ҳаитиро аз Куба ҷудо мекунад. Дарозии хатти соҳилиаш — 1771 км. Масоҳаташ 27,8 ҳазор км2. Аҳолиаш 10,3 млн нафар (2014). Пойтахташ — шаҳри Порт-о-Пренс. Аз ҷиҳати маъмурӣ аз 10 департамент иборат аст, ки ба 41 округ тақсим мешавад. Иди миллӣ — 1 январ — Рӯзи истиқлол (1804). Воҳиди пулӣ — гурд. 1 долар баробар ба 12,4 гурд.

Ҳоитӣ
фр. Haïti
ҳоитиёӣ: Ayiti
фр. la République d’Haïti[1]
Парчам Нишон
Парчам Нишон
La Dessalinienne[d]
Кишвар  [[|]]
Маркази маъмурӣ Порт-о-Пренс
Роҳбар Клод Жозеф
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1 январ 1804
Масоҳат
  • 27 750 км²[2]
Вақти минтақавӣ UTC−05:00[d] ва America/Port-au-Prince[d][4]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 PK-IS
Домени интернет .ht
Коди мошинҳо RH
Вебгоҳи расмӣ
Ҳоитӣ дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор
Харитаи Гаити

Сохти давлатӣ

вироиш

Мувофиқи конститутсияи соли 1987 Ҳаитӣ давлати президентӣ мебошад. Роҳбари давлат — Президент, ки ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад. Мақоми олии ҳокимияти қонунбарор — Ассамблеяи миллӣ, ки аз ду палата Сенат ва Палатаи депутатҳо иборат аст. Сенат 27 узв дорад, ки ба муҳлати 6 сол интихоб ва ҳар ду сол 1/3 ҳиссаи онҳо нав карда мешаванд. Дар Палатаи депутатҳо 83 узв ба муҳлати 4 сол интихоб мешаванд. Ҳокимияти иҷроияро Президент ва ҳукумат амалӣ мегардонанд. Роҳбари ҳукумат — сарвазир, ки президент таъйин мекунад. Ҳокимияти судӣ Суди олӣ, Суди шикоятӣ (кассатсионӣ), Суди апеллятсионӣ, инчунин судҳои мақоми поёниро дар бар мегирад. Ҳаитӣ узви СММ ва созмонҳои махсуси он, Созмони давлатҳои Амрико мебошад.

Табиат

вироиш

Ҳаитӣ қисми ғарбии ҷазираи Гаитиро бо нимҷазираҳои бузургаш ишғол мекунад. Ҳудуди Ҳаитиро аз самти ғарб — шимол — ғарб ба самти шарқ — ҷануб — шарқ қ-кӯҳҳои Шимолӣ (шохаи Кордилйера-Сентрал), Монтан-Нуар, Мато, От, Сел (қ-и баландтарини Ҳаитӣ кӯҳи Ла-Сел; 2680 м) бурида мегузаранд. Дар байни онҳо Пуштакӯҳи Марказӣ ва пастиҳои амиқи резишгоҳи д.-ҳои Артибонит ва Кюл-де-Сак бо кӯли Соматр ҷойгиранд. Қариб 80 дарсади ҳудуди Ҳаитӣ аз ҷинсҳои таҳшин, асосан оҳаксанг, қисми боқимонда аз ҷинсҳои метаморфӣ ва вулканӣ таркиб ёфтааст. Дар Ҳаитӣ конҳои боксит, мис, оҳан, манган кашф шудаанд, вале коркард намешаванд. Конҳои ангишти тира, мармар, намаки баҳрӣ, шағал, рег низ мавҷуданд. Иқлимаш тропикии пассатӣ (хушк). Ҳарорати миёна дар минтақаҳои соҳилӣ — январ 22°С, июл 28°С. Иқлими ноҳияҳои кӯҳистон нисбатан сард (январ — 7-14°С) аст. Дар Порт-о-Пренс ҳарорати миёнаи солона 27°С (ҳарорати миёнаи июл 29°С). Мавсими боронгарӣ аз апрел то июн ва аз сентябр то ноябр давом мекунад. Миқдори бориш вобаста ба шароити маҳалҳо ва ҷойгиршавии онҳо нисбат ба шамолҳои хушк фарқ мекунад: дар нишебиҳои шамолрас то 2500 мм, дар нишебиҳои шамолнорас ва пастиҳо — қариб 500 мм. Дарёҳои калонаш: Артибонит ва Кюл-де-Сак. Артибонит (дарозиаш 321км) дарёи бузургтарин ва киштигарди Ҳаитӣ буда, аҳаммияти бузурги хоҷагӣ дорад. Хокаш бештар қаҳваранги сурхтоб. Набототаш ба хушкӣ ва шӯрӣ тобовар аст. Қисми зиёди ҳамвориҳо ва нишебиҳои шамолнорасро кактусҳо, буттаҳои зарбат, паттазорҳо, нахли сабал ва хӯшаиҳои қадбаланд фаро гирифтаанд. Кактусҳо то 4,5 м қад кашида, ҷо-ҷо бешаҳои яклухтро ташкил медиҳанд. Танҳо 3,2 дарсади масоҳати Ҳаитӣ бешазор аст. Дар ҷануб ва ҷанубу ғарб бешаҳои тропикии дарахтони паҳнбарг ва ҳамешасабз, дар шимол ва шимолу шарқ бешаҳои омехта бартарӣ доранд. Дар минтақаҳои нисбатан сернам дарахтони акажу, далбергия, зантоксилум, гваякум, дар ноҳияҳои кӯҳӣ дарахтони паҳнбарг ва сӯзанбарг мерӯянд. Аз ҳайвоноти ширхӯр гурӯҳи мушҳои парон ва хояндаҳо вомехӯранд. Калтакалос ва тимсоҳ низ дорад. Парандаҳо бисёранд. Хатарҳои табиии асосии Ҳаитӣ тундбодҳои тропикӣ, обхезиҳо, заминҷунбӣ, хушксолии даврӣ буда, норасоии оби ошомиданӣ, буридани ҷангалҳо (бо мақсади кишоварзӣ ва сӯзишворӣ), ки боиси бодлесии хок гардидааст, мушкилоти экологӣ мебошанд.

Аҳолӣ

вироиш

95 дарсади аҳолии Ҳаитӣ аз нажоди африқоиҳои Амрико (авлоди ғуломони африқоӣ), 5 дарсад дурагаҳо ва сафедпӯстон мебошанд. Забонҳои расмӣ — фаронсавӣ (10 дарсади аҳолӣ бо он гуфтугӯ мекунанд) ва креолӣ (аксарияти аҳолии мамлакат аз он истифода мекунанд), ки дар заминаи лаҳҷаҳои африқоӣ ва иқтибос аз забони фаронсавӣ ба вуҷуд омадааст. 80 дарсади аҳолии Ҳаитӣ муътақиди мазҳаби католикӣ, 16 дарсад — пайравони мазҳаби протестантӣ. Бо вуҷуди он ки мазҳаби католикӣ дини расмии давлатӣ буд, аз нисф зиёди аҳолӣ аз мазҳаби вуду пайравӣ мекард. Бинобар ин соли 2003 мазҳаби вуду (дар баробари мазҳаби католикӣ) дини расмии давлатӣ эътироф карда шуд. Суръати миёнаи афзоиши табиии аҳолӣ 1,8 дарсад буда, нишонаи миёнаи дарозумрӣ 61 сол (занҳо — 59 сол, мардҳо — 62-сол) аст. Тавлид — 32 %, фавт — 14 %, фавти навзодон ба ҳар 1000 нафар — 58 кӯдак. Зичии миёнаи аҳолӣ — 199 нафар дар 1 км2 (дар ноҳияҳои кишоварзии ҷанубу шарқ — 500 нафар дар 1 км2, дар пуштакӯҳи марказии иқлимашон хушк — то 40 нафар дар 1км2). Шаҳрҳои бузургаш: Кап-Аитӣен, Гонаив, Ле-Ке.

Таърих

вироиш

То охири садаи XV дар Ҳаитӣ қабилаҳои сершумори аравакҳо ва карибиҳои ҳинду маскун буданд. Ҷазираро 6 декабри 1492 Х. Колумб кашф карда, Эспанола ном гузошт. Мустамликадорони Испания қариб ҳамаи аҳолии ҳиндуро нобуд карда, аз ибтидои садаи XVI ғуломони сиёҳпӯстро аз Африқо барои кор дар плантатсияҳо оварданд. Дар ибтидои садаи XVII ба Ҳаитӣ роҳзанҳои баҳрии англис ва фаронсавӣ ворид шуданд. Баъди ҷанги Испания бо Фаронса соли 1697 мувофиқи шартномаи Рисквик Эспанола байни онҳо тақсим карда шуд. Қисми шаҳрҳои ҷазираи (мустамликаи Санто-Доминго) дар ихтиёри испаниҳо боқӣ монд. Қисми ғарбӣ ба тобеияти салтанати фаронсавиҳо гузашта, Сан-Доминго ном гирифт. Сан-Доминго муҳимтарин мустамликаи фаронсавиҳо дар Вест-Индия буд. Молҳои дар он истеҳсолшуда — қанд, қаҳва, индиго, пахта ва какао молҳои асосии содиротии фаронсавиҳо буданд. Тамоми иқтисодиёт дар дасти шумораи ками сафедпӯстон қарор дошт. Аҳолии сиёҳпӯст, ки аксариятро ташкил медод, дар мавқеи ғуломони беҳуқуқ боқӣ монд. Чунин муносибатҳои иҷтимоӣ вазъи Сан-Домингоро муташанниҷ гардонданд. Инқилоби садаи XVIII-и Фаронса боиси барафрӯхтани низоъҳо гашт. Соли 1791 нахустин шӯриши сиёҳпӯстон — ғуломон бо роҳбарии А. Букман сар зад. Баъди қатли вай шӯриш таҳти роҳбарии ғуломони гуреза Жан Франсуа ва Биассу идома ёфт. Соли 1794 ба мубориза Ф. Д. Туссен-Лувертюр роҳбарӣ кард. Дар Ҳаитӣ ғуломдорӣ барҳам дода (1801), истиқлоли сиёсӣ (1804) ба даст оварда шуд. Асосгузори Ҳаитии мустақил генерал Ж.-Ж. Дессалин соли 1804 бо номи Якови I императори Ҳаитӣ эълон карда шуд. Баъд аз фавти ӯ (1806) мамлакат ба ду давлати алоҳида: «империяи сиёҳпӯстон»-и А. Кристоф (аз соли 1811 император Анри I) дар шимол (1807-20) ва «республикаи дурагаҳо»-и А. Петион дар ҷануб (1807-18) ҷудо шуд. Байни онҳо муборизаи шадид давом кард. Соли 1821 Ҳаитӣ таҳти ҳукумати ҷонишини Петион- Ж П Буайе республикаи воҳид шуд, ки ӯ онро ҳамчун ҳокими мутлақ (диктатор) то соли 1843 идора кард. Соли 1825 истиқлоли Г-ро Фаронса ва баъд аз он дигар мамлакатҳои ҷаҳон эътироф карданд. Соли 1844 қисмати испании ҷазира истиқлол ба даст овард ва дар он ҷо Республикаи Доминикан ташкил шуд. Императори Ҳаитӣ Фаустини I барои тобеъ намудани он як қатор кӯшишҳои бебарор кард. Ин боиси аз вазифа сабукдӯш шудани ӯ ва барқарор намудани республика дар Ҳаитӣ (20.1.1859) гашт. Вазъияти сиёсии дохилии Ҳаитӣ дар охири садаи XIX — ибтидои садаи XX ноустувор буд ва ҳукумат зуд-зуд иваз мешуд. Дар нимаи 1 садаи XX ИМА Ҳаитиро муддати дароз (1915-34) забт намуда, онро амалан ба протекторати худ табдил дод. Соли 1934 таҳти фишори ҳаракати озодихоҳӣ хукумати Ф. Рузвелт маҷбур шуд сипоҳиёни худро аз Ҳаитӣ барорад, вале назорати молиявӣ ва гумрукии Амрико дар мамлакат то соли 1947 боқӣ монд. Соли 1935 Президент С. Ж. Венсан (1930-41) конститутсияи нави мамлакатро қабул кард. Нимаи 2 садаи XX ҳамчун диктатураи хунини хонаводаи Дювалйе: аввал асосгузори сулола — Ф. Дювалйе (1957-71), баъд писари вай Ж.-К. Дювалйе (1971-86) ба қайд гирифта шудааст. Дар сиёсати берунӣ президентҳои Ҳаитӣ то соли 1957 ва Дювалйе роҳи ҳамкорӣ бо ИМА-ро пеш мегирифтанд. Вазъи иқтисодии вазнини аҳолӣ ва худсарии ҳукуматдорон боиси исёни халқ ва кӯшишҳои ҷузъии табаддулоти давлатӣ гардиданд. Суқути диктатураи Дювайле 7 феврали 1986 ба дигаргунсозии ҷамъияти Ҳаитӣ замина гузошт. Соли 1987 конститутсия қабул карда шуд, ки мувофиқи он дар Ҳаитӣ республикаи президентӣ бар принсипи тақсимкунии ҳокимият барпо карда шуд. Вале раванди гузариш хеле ноустувор ва бо буҳронҳои сиёсии пайдарҳаму хатари доимии табаддулотҳои давлатӣ алоқаманд буд. 7 феврали 1991 дар нахустин интихоботи демократӣ собиқ кашиши католикӣ Ж.-Б. Аристид Президент шуд. Табаддулоти ҳарбии 30 сентябри 1991 ҳукмронии ӯро қатъ карда, худашро аз мамлакат ронд. Бо ширкати фаъоли ИМА ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мамлакат низоми демократии Аристид (15. 10. 1994-7. 2. 1996) барқарор карда шуд. Дар интихоботи соли 1996 намояндаи ҳизби Лавалас Р. Превал ғолиб омад. Соли 2000 дубора ба вазифаи президентӣ интихоб шудани Аристид вазъияти сиёсиро устувор накард. Мухолифин ҳукумати алтернативӣ ташкил карда, бо дастгирии як қатор созмонҳои иттифоқи касаба, ҷавонон, занон гурӯҳи мухолифини 184 намояндаи ҷомеаи шаҳрвандиро созмон дод. Тадбирҳои номақбули андешидаи Аристид ва муҷозоти сахти иқтисодӣ, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ то анҷом додани интихоботи пеш аз муҳлати параламентӣ нисбат ба Ҳаитӣ ба тасвиб расонд, вазъиятро боз ҳам мураккабтар карданд. 5. 2. 2004 дар Гонаив бо роҳбарии Ҷабҳаи инқилобии муқовимати Артибонит (баъдтар — Ҷабҳаи халқии инқилобӣ барои озодкунии Ҳаитӣ) исёни зиддиҳукуматӣ сар зад. Охири феврали 2004 исёнгарон Кап-Аитӣен ва тамоми шимоли мамлакатро ишғол намуда, ба ҷанубу ғарб ҳаракат карданд ва ба пойтахт наздик шуданд. Онҳо ба истеъфо рафтани Аристидро талаб намуданд. 29 феврали 2004 Аристид таҳти фишори исёнгарон истеъфо дода, мамлакатро тарк кард. Баъдтар вай гуфт, ки қурбони табаддулоти ташкилкардаи ИМА шуд ва низоми навро эътироф накарда, халқро ба «муқовимати ором» даъват намуд. Вазифаи президентиро муваққатан роҳбари Суди олӣ Бонифас Александр ишғол кард. Вай ба СММ муроҷиат намуд, ки ба мамлакат қувваҳои байналмилалиро ворид кунад. Бо қарори Шӯрои амнияти СММ моҳҳои март — апрели 2004 ба Ҳаитӣ қувваҳои ҳарбии маҳдуди ИМА, Фаронса, Канада ва Чили ворид карда шуданд. «Шӯрои фарзонагон», ки марти 2004 аз ҷумлаи ҳодимони маъруфи ҷамъиятӣ ташкил карда шуда, буд, дар бораи аз вазифаи сарвазирӣ ба истеъфо рафтани тарафдори Аристид — И. Нептюн (2002-04) ва роҳбари ҳукумат таъйин намудани Ж. Латортю қарор қабул кард. Вай ҳукуматро аз ҷумлаи мутахассисони ғайриҳизбӣ ва ходимони ҷамъиятӣ ташкил кард. Ҳайати нав ба халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ шурӯъ карда, дар соли 2005 гузарондани интихоботҳои умумиро эълом дошт. Вале бар асари нобасомониҳои маъракаи интихоботӣ ва бетартибиҳо интихоботи президентӣ танҳо феврали 2006 амалӣ шуданд, ки дар онҳо боз Р. Превал ғолиб омад. Дар интихоботи солҳои 2010-11 Мишели Мартели Президенти Ҳаитӣ интихоб шуд.

Иқтисодиёт

вироиш

Ҳаитӣ қашшоқтарин мамлакати Нимкураи шимолӣ ва яке аз сусттараққикардатарин дар ҷаҳон аз ҷиҳати ММД ба ҳар сари аҳолӣ (1317 доллар) мебошад. Дар сохтори ММД ҳиссаи кишоварзӣ 18 %, саноат 29 % (аз ҷумла саноати коркард 17,1 %), соҳаи хидматрасонӣ 53%-ро ташкил медиҳад. Нақши давлат дар иқтисодиёти мамлакат он қадар бузург нест. Ба он ширкати энергетикии Ҳаитӣ, ки соли 1971 ташкил карда шудааст, якчанд фабрикаи хурди истеҳсоли сизал, тамоку ва гӯгирд, нақлиёти ҳавоии дохилӣ тааллуқ доранд. Нисбат ба дигар давлатҳои Амрикои Лотинӣ ҳаҷми маблағгузории хориҷӣ дар Ҳаитӣ кам аст, ки ин ба вазъи сиёсии ноустувори мамлакат вобаста мебошад. 31 дарсади маблағгузории хориҷӣ ба ИМА рост меояд. Неруи барқи мамлакат дар НБО (38,5 %) ва НБА (61,5 %) истеҳсол карда мешавад. Дар мамлакат низоми барқтаъминкунӣ вуҷуд надорад; байни шаҳрҳо ва ноҳияҳои асосӣ хатти интиқоли неруи барқ мавҷуд нест. Аз солҳои 70 садаи XX иктишофи геологии нафт таҳти назорати ширкатҳои амрикоист. Ба наздикӣ истихроҷи тило оғоз гардид. Солҳои 80 садаи XX асосан конҳои масолеҳи бинокорӣ мавриди истифода қарор доштанд. Барои содирот, асосан, қанд, сизал (нахҳои дурушти табиӣ) ва ром истеҳсол мешуданд. Аз соли 1970 таҳти назорати сармояи Амрикои Шимолӣ корхонаҳои нави саноати сабук пайдо шуданд, ки аз ашёи хоми воридотӣ барои содирот таҷҳизоти электронӣ, либос, бозичаҳо, молҳои варзишӣ истеҳсол мекарданд. Ҳаитӣ истеҳсолкунанда ва содиркунандаи асосии тӯбҳои бейсбол ба бозори ҷаҳонӣ буд. Вале дар солҳои 80 аз сабаби бадшавии вазъи сиёсӣ дар мамлакат як қатор корхонаҳо ба Мексика ва Республикаи Доминикан кӯчонда шуданд. Барои бозори дохилӣ, асосан, корхонаҳои бофандагӣ, пойафзор, дорусозӣ маҳсулот истеҳсол мекунанд.

Кишоварзӣ

вироиш

соҳаи муҳимми иқтисодиёти Ҳаитӣ мебошад. Ба рушди он хусусиятҳои иқлим ва релефи Ҳаитӣ халал мерасонанд. Плантатсияҳо дар заминҳои обӣ — дар Ҳамвории шимолӣ, дар соҳилҳои д.-ҳои Артибонит ва Кюл-де-Сак ҷойгиранд. Дар Ҳаитӣ 600 ҳазор фермаи хурд мавҷуд аст. Заминҳои кишт — 7,8 ҳазор км2, зимнан ин масоҳат аз сабаби эрозияи хок ва харобшавӣ дар натиҷаи доиман кишт кардани ҳамон як зироат кам мешавад. Заминҳои обӣ — 1,5 ҳазор км2. Чарогоҳ — беш аз 4 ҳазор км2. Дар 85 дарсади заминҳои кишт барои истеъмоли дохилӣ шолӣ, лӯбиё, ҷуворӣ, сорго (рустании хӯшаӣ), маниока мекоранд. Барои истеъмоли дохилӣ рустаниҳои ситрусӣ, меваҷот ва сабзавот низ парвариш мекунанд. Зироатҳои асосии содиротӣ қаҳва, найшакар, сизал маҳсуб мешуданд. Какао, тамоку ва пахта аҳаммияти молии камтар доштанд. Дараҷаи механиконии кишоварзӣ хеле паст аст. Чорводории чарогоҳӣ дар пуштакӯҳҳои марказӣ ва ноҳияҳои кӯҳистон роҳандозӣ шудааст. Саршумори гов — 3 млн, парандаҳои хонагӣ ҳам парвариш мекунанд. Моҳигирӣ рушд кардааст: харчанг, лангуст, креветка, садафак (асосан барои содирот) сайд мекунанд. Мамлакат худро бо хӯрокворӣ 44 % таъмин мекунад, 49 дарсади талабот ба маҳсулоти хӯроквориро аз ҳисоби воридот қонеъ мегардонад, 7 дарсади он дар шакли ёрӣ ворид мешавад. Дарозии р. о. — қариб 40 км. Тӯли роҳҳои автомобилгард — 3400 км (танҳо 18 дарсадашон асфалтпӯш). Боркашонии байнишаҳрӣ тавасссути автомобилҳои боркаш сурат мегирад. Нақлиёти ҳавоии асосии дохилӣ — вертолётҳо. Ду фурудгоҳи байналмилалӣ, 5 аэродром, 2 бандари байналмилалӣ ва 17 бандари хурд (18-тояш киштиҳои байналмилалиро қабул карда метавонад) дорад. Бандари асосиаш — Порт-о-Пренс (90 дарсади савдои баҳрӣ тавассути он сурат мегирад). Соҳаи асосии иқтисодиёти Ҳаитии ҳозира — хидматрасонӣ. Маҳз он қисми зиёди ММД-ро медиҳад. Маҳсулоти асосии содиротӣ: либос, маҳсулоти бофандагӣ, қаҳва, қанд, манго. Харидорони асосӣ: ИМА (70 %), Республикаи Доминикан (9 %), Канада (3 %). Аз хориҷа маҳсулоти хӯрокворӣ, нафт, автомобил, таҷҳизот, ашёи хом ворид мекунад. Молҳоро, асосан аз ИМА (34 %), Республикаи Доминикан (23 %), ҷазираҳои Антили Нидерландия (11 %) ва Хитой (4,5 %) мехаранд. То соли 1981 дар иқтисодиёти Ҳаитӣ сайёҳӣ мавқеи муҳим дошт, вале баъд дар робита ба афзоиши хатари сироятёбӣ аз СПИД омадани сайёҳон кам шуд.

Тандурустӣ

вироиш

Дар Ҳаитӣ дар баробари муассисаҳои давлатии ройгон чандин клиникаи хусусии пулакӣ мавҷуданд. Дар мамлакат духтурон (1 духтур ба 6 ҳазор аҳолӣ), беморхонаҳо ва катҳои беморӣ каманд. Фақат 24 дарсади таваллуд ба воситаи кормандони тиббии соҳибтахассус амалӣ мешавад. Қариб 5 дарсади аҳолӣ гирифтори ВИЧ аст. Маркази асосии тиббии мамлакат — Беморхонаи марказӣ дар Университети давлатӣ, дар Порт-о-Пренс.

Варзиш

вироиш

Кумитаи олимпии Ҳаитӣ соли 1914 ташкил ва соли 1924 аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ эътироф карда шудааст. Варзишгарони Ҳаитӣ дар бозиҳои олимпӣ аз соли 1990 дар мусобиқаҳои бокс, варзиши сабук, вазнбардорӣ, тирпаронӣ ва шамшербозӣ ширкат мекунанд. Дар Ҳаитӣ бейсбол, бокс, футбол бештар маъмуланд. Дастаи мунтахаби футболи Ҳаитӣ соли 1973 дар чемпионати мамлактҳои Амрикои Марказӣ (Ҷоми КОНКАКАФ), 2007 дар мусобиқаҳои Ҷоми ҷазираҳои Кариб ғолиб омада, солҳои 1974 ва 2006 ба давраи ниҳоии бозии чемпионати ҷаҳон баромад. Дар Ҳаитӣ навъҳои обии варзиш, теннис низ рушд кардаанд.

Маориф ва илм

вироиш

Дар Ҳаитӣ маълумоти ибтидоии 6-солаи ройгон ҷорӣ карда шудааст, вале на ҳамаи кӯдакони 7-14-сола ба мактаб мераванд. Соҳаи маориф тобеи Вазорати миллии маориф буда, мактабҳои ибтидоӣ, миёна, олӣ ва касбӣ-техникиро дар бар мегирад. Аксарияти мактабҳои ибтидоӣ давлатианд. Мактаби миёна 7-сола буда, аз ду давра — поёнӣ (4 сол) ва болоӣ (3 сол) иборат аст. Ба шумораи мактабҳои миёна мактабҳои давлатӣ ва коллеҷҳои хусусӣ дохил мешаванд. Маълумоти касбӣ дар заминаи мактабҳои касбӣ-техникӣ (муддати таҳсил 3 сол) дода мешавад. Маълумоти олиро Университети давлатии Ҳаитӣ, се мактаби олии техникӣ ва академияи ҳарбӣ дар Порт-о-Пренс медиҳанд. Дар ш.-ҳои Кап-Аитӣен, Ле-Ке, Гонаив ва Жереми институтҳои ҳуқуқшиносӣ фаъолият доранд. Таҳқиқоти илмӣ дар Ҳаитӣ суст инкишоф ёфтааст. Қисми зиёди муассисаҳои илмӣ тобеи Университети давлатии Ҳаитӣ мебошанд.

Фарҳанг

вироиш

Фарҳанги ба худ хосси Ҳаитӣ дар натиҷаи омезиши беназири таърихии фарҳанги фаронсавӣ ва осори маънавии Африқо ташаккул ёфтааст. Раҳнамои арзишҳои Аврупои Ғарбӣ ақаллияти дурагаҳои бомаърифат (5 дарсади аҳолӣ), ҳомилони анъанаҳои африқоӣ 95 дарсад аҳолии сиёҳпӯст мебошанд. Нишонаҳои дурангии фарҳанг дар тамоми соҳаҳои ҳаёти маънавӣ: дин (мазҳаби католикӣ ва дини водуӣ), забон (фаронсавӣ ва креолӣ), адабиёт, ҳунар, фарҳанги сиёсӣ зоҳир мешаванд.

Адабиёти Ҳаитӣ

вироиш

ба забонҳои фаронсавӣ ва креолӣ эҷод шуда, давраҳои асосии инкишофи таърихи мамлакатро инъикос менамояд. Баъди дар садаи XIX мустақил эълон шудани Ҳаитӣ назму драматургия, баъдтар — роман ва аз нимаи 2-юми садаи XIX публитсистика инкишоф ёфт. Дар адабиёт оҳангҳои муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ, мавзӯъҳои ватандӯстӣ ва образи қаҳрамонони гузашта афзалият доштанд. Нахустин шахсе, ки ба забони креолӣ эҷод кард, шоир О. Дюран буд. Дар садаи XX аз ҷониби амрикоиҳо истило шудани Ҳаитӣ боиси рушди бемислу монанди миллӣ ва маънавӣ гардид, ки дар таърихи солҳои 1920-30 ҳамчун ҳаракати Эҳёи фарҳанги гаитӣ дохил шуд. Дар чаҳорчӯби он ҷараёни адабии миллии эндиженизм пайдо шуд, ки зиёиёни шинохта — Ж.-П. Марса, Ж. Румэн, Ж. Бриер, Л. Лало, К. Бруар, Р. Депестр ва дигаронро муттаҳид кард. Масъалаҳои асосии мактаби адабии эндиженӣ бо мавзӯи зангиён ва эҳёи осори африқоӣ, ҳифзи фарҳанги ба худ хосси Ҳаитӣ ва ғояҳои мубориза бар зидди ғасби маънавӣ ва сиёсии ИМА алоқаманд буд. Намояндаи насли ҷавони эндиженистҳо — нависанда Ж. С. Алексис дар зиндони диктатор Ф. Дювалйе ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардид. Романҳои ӯ — «Генерали меҳрубон Офтоб» (1955), «Дарахтони мусиқинавоз» (1957) шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Дар нимаи 2-юми садаи XX эҷодиёти А. Фелпс, Ж. Этенн, Р. Филоктет, Ж. Р. Лафоре инкишоф ёфтанд. Шоир ва нависанда Ф. Мориссо-Леруа ба забони креолӣ эҷод кард. Навсозии ҳаёти ҷамъиятии Ҳаитӣ дар охири садаи XX — ибтидои садаи XXI ба азнавбаҳодиҳии саҳми аврупоӣ (фаронсавӣ) ва африқоӣ дар инкишофи фарҳанги муосири бузург, ки обуранги африқоиро инъикос менамуд, мусоидат кард.

Осорхонаҳо ва китобхонаҳо

вироиш

Дар Порт-о-Пренс осорхонаи миллӣ, осорхонаи бостоншиносӣ, осорхонаи халқи Гаити, маркази бадеӣ, китобхонаи миллӣ мавҷуданд.

Дар Порт-о-Пренс рӯзномаҳои «Le Nouvelliste» ва «Le Matin», ҳафтае ду бор газетаи расмии «Le Moniteur» нашр мешаванд. Радиои миллии Ҳаитӣ ва Телевизиони миллии Ҳаитӣ фаъолият доранд. Хадамоти хидматрасонӣ дар Порт-о-Пренс ҷойгир аст. Чандин пойгоҳи радио ва телевизиони хусусӣ ва тиҷоратӣ мавҷуданд.

Адабиёт

вироиш
  • Мартынов М. В. Гаити. М., 1969;
  • Гонионский С. А. Гаитянская трагедия. М., 1974;
  • Страны Карибского басейна: тенденции экономического и социально-политического развития. М., 1985;
  • Латинская Америка и Карибы. Политические институты и процессы. М., 2000;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2008.

Сарчашма

вироиш
 
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Ҳоитӣ дорад