Ҳаймаҳмадӣ
Ҳаймаҳмадӣ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Бӯстони (номи пештарааш Қарабулоқ) ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳияи 17 км. Аҳолиаш 1302 нафар (2010), тоҷикон. Дар деҳа муассисаи таҳсилоти таҳсилоти миёнаи умумӣ, мағозаи хусусӣ, чойхонаи ҷамъиятӣ, хонаи саломатӣ, корхонаи хурди коркарди меваи «Гулоб» фаъолият доранд. Аҳолии деҳа ба ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз дарёи Элок ва оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.