Гулафшон (деҳа н. Файзобод)

(Тағйири масир аз Ҳайтак)

Гулафшон (пештара Ҳайтак ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 22 км. Аҳолиаш 346 нафар (2010), тоҷикон. Аз 37 хочагӣ иборат аст. Дар деҳа мактаб, мағозаи хусусӣ, бунгоҳи тиббӣ, хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз оби чашмаҳо ба воситаи лӯлаҳо обёрӣ мешаванд.[1]

Пайвандҳо

вироиш
  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.