Ҳакимбек Абдуалимзода
Ҳакимбек Абдуалимзода (Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим; ноҳияи Қумсангир, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисод (2012), дотсент.
Cандалов Ҳакимбек Абдулалимович | |
Зодгоҳ | ноҳияи Қумсангир, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон (2006) |
Зиндагинома
вироишДар ноҳияи Қумсангир ба дунё омдааст. Соли 2006 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси андоз ва андозбандӣ хатм намуд. 17 ноябри соли 2012 рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.
Корнома
вироишФаъолияти кориашро аз соли 2006 дар кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон оғоз намудааст. То соли 2011 дар вазифаҳои ассистент, муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодӣ Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон фаъолият дошт.
Солҳои 2014—2018 дар вазифаи мудири кафедраи фаъолияти бонкии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва солҳои 2018—2020 дар вазифаи декани факултети молия ва қарзи ҳамин донишгоҳ фаъолият намудааст. Солҳои 2020—2022 муовини якум, Муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буд.
Бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2022 ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъйин шудааст[1].
Фаъолияти илмӣ
вироишМуаллифи беш аз 25 асарҳои илмию методӣ аст.
Осор
вироишҲакимбек Сандалов. Амалиётҳои бонкӣ (китоби дарсӣ). — 2020[2]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Президенти Тоҷикистон. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин намудани Абдуалимзода Ҳ. А.. president.tj (21 феврали 2022). 21 феврали 2022 санҷида шуд.
- ↑ Китоби дарсӣ. Ҳакимбек Сандалов. Амалиётҳои бонкӣ. old.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (30 Декабри 2020). 21 феврали 2022 санҷида шуд.