Ҳаким Шоҳмуҳаммади Қазвинӣ
Ҳаким Шоҳшмуҳаммади Қазвинӣ (форсӣ: حکیم شاه محمد قزوینی[1]; ? — 1558, Шероз) — шоир, пизшик ва тарҷумони форс-тоҷик, тарҷумони асари «Ҳаёту-л-ҳаявон»-и Дамирӣ ба туркӣ.
Таърихи даргузашт: | 1557 |
---|---|
Навъи фаъолият: | пизишк, нависанда |
Зиндагинома
вироишАйёми шубоби ӯ дар зодгоҳаш – Қазвин гузашт, аз пайи идомаи таҳсил ба Шероз омад ва дар назди Ҷалолуддин Муҳаммади Давонӣ – аз донишмандони маъруфи ин шаҳр – мантиқ, фалсафа, риёзиёт, ҳадису тафсир, фиқҳу калом ва шеъру ҳикмат омӯхтааст. Ба гуфтаи муаллифони «Шақоиқу-н-Нуъмония»-и Тоши Куброзода, «Кашфу-з-зунун»-и Ҳоҷӣ Халифа ва «Қомусу-л-аълом»-и Шумсуддини Сомӣ, Ҳаким Шоҳмуҳаммади Қазвинӣ то охири умр дар дарбори ҳокимони Шероз – Султон Боязидхон, Султон Салимхон ва Султон Сулаймон чун надиму табиб хидмат кардааст. Ҳаким Шоҳмуҳаммади Қазвинӣ муаллифи тафсири мухтасар ва ҳавошии «Ҳидоя», «Насафӣ», «Шарҳ бар Исоғузӣ», «Кофия», «Муҷаз» буда, асари «Ҳаёту-л-ҳаявон»-и Дамириро ба туркӣ баргардон кардааст. Ҳамчунин, бо тарҷумаи «Маҷолису-н-нафоис»-и Навоӣ (1522–23) шуҳрат дорад. Қитъаи таърихи тарҷумаи мазкур ин аст:
Ба таърихи соле, ки бошад ҳисобаш:
«Ба гӯши малоик ниҳам иқди гаҳвар».
Эзоҳ
вироиш- ↑ قزوینی، محمد بن مبارک - ویکینور، دانشنامهٔ تخصصی(форсӣ). fa.wikinoor.ir. 7 май 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Қазвинӣ Ҳакимшоҳ / У. Тоиров // Косон — Қурбон. — Д. : СИЭМТ, 2023. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 11). — ISBN 978-99985-0-053-2.