Ҳалимахон Наҷимова

Ҳалимахон Наҷимова (Тав. 23.02.1946, шаҳри Душанбе), омӯзгор. Номзади илмҳои педагогика «Аълочии маорифи Тоҷикистон». Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Ҳалимахон Наҷимова
Наҷимова Ҳалимахон Баҳриддиновна
Таърихи таваллуд 23 феврал 1946(1946-02-23) (78 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор комиҷроияи н. Роҳи Оҳани (ҳоло – Шоҳмансури) ш. Душанбе, мак. миёнаи № 90 ш. Душанбе, литсейи Президентии ш. Душанбе, гимназияи Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Ҷоизаҳо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2001) Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Зиндагинома

вироиш

Ҳалимахон Наҷимова дар Техн. кооперативии ш. Хуҷанд) таҳсил кардааст (1960–1963). Соли 1963 ба фак. таъриху фил. (бахши фил. русии) Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин шомил гашта, онро соли 1968 хатм кардааст. Муаллими заб. русии Техн. кооперативии ш. Душанбе (1968–1974). С. 1975 ба кори ҳизбӣ гузаштааст (1975–1978). Муовини раиси комиҷроияи н. Роҳи Оҳани (ҳоло – Шоҳмансури) ш. Душанбе (1978–1986), муаллими заб. русии мак. миёнаи № 90 ш. Душанбе (1986–95), мушовири ваз. маорифи Тоҷикистон (1995–1996), ҷон. дир. литсейи Президентии ш. Душанбе (1996–2001), директори гимназияи Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон (2001–2006). Аз с. 2006 – дотс. каф. заб. русӣ, педагогикаи таҳсилоти олӣ ва ташаккули имиҷи Донишгоҳи мазкур. Хидматҳояш бо чандин Грам. Фахрӣ ва Сипосномаи соҳавӣ қадр карда шудааст.[1]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — С. 103. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6